Главная / Ҷамъият / Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

Моддаи 326-и Кодекси Меҳнат. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

  1. Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.
  2. Бо роҳи зўрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур кардани корманд манъ аст.
  3. Зарари ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби ташкилот бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.
  4. Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз ҳисоби иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҷуброн карда мешавад.
  5. Шахсоне, ки манфиати тарафҳоро муаррифӣ намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …