Моддаи 325-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадориҳои корфармо дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ
- Корфармо уҳдадор аст, ки дар кори комиссияи оштӣ иштирок намояд ва қарорҳои онро бетаъхир иҷро кунад.
- Бо талаби иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон мақомоти дахлдори ташкилот уҳдадор аст, ки то аз вазифа (мансаб) озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ў баҳси меҳнатии коллективӣ рўй додааст, чораҳо андешад.