Моддаи 320-и Кодекси Меҳнат. Миёнаравӣ
- Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб гардида, миёнаравиро дар гузаронидани гуфтушунид барои расидан ба созиши тарафҳо иҷро мекунад.
- Миёнарав ҳуқуқ дорад барои иҷрои уҳдадориаш аз тарафҳо маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.
- Миёнарав ҳуқуқ надорад иттилооти махфиро, ки барои иҷрои уҳдадориҳояш гирифтааст, фош намояд.
- Қоидаи миёнаравиро тарафҳо бо розигии миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъд аз кушиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оид ба баррасии баҳс ва ҷиҳати ҳалли он тавсияҳои хаттӣ медиҳад.
- Агар тарафҳо дар давоми даҳ рўз тавсияи миёнаравро рад накарда бошанд ва ё агар тарафҳо қаблан оид ба иҷрои тавсия созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад.