Моддаи 316-и Кодекси Меҳнат. Масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо гуноҳи яке аз тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.