Моддаи 296-и Кодекси Меҳнат. Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
- Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.
- Тартиби таҳия, бастан, амали созишнома ва шартномаҳои коллективиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.