Моддаи 287-и Кодекси Меҳнат. Танзими меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ
Меҳнати шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ мебошанд, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шароитҳои махсус ва тартиби дохил шудан ба хизмат, адои он ва қатъи хизмат, шароитҳои махсуси меҳнат, шартҳои пардохти музд, рухсатиҳо, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятҳои иловагиро муқаррар мекунанд, танзим менамоянд.