Моддаи 265-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудият дар хизмати гражданӣ
- Хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад:
– воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд;
– дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеъ мешавад, иштирок намояд;
– мақоми хизматиашро бо мақсади ба хизмати гражданӣ алоқа надошта истифода намояд;
– маълумоте, ки сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад ва ба ў ҳангоми адои хизмати гражданӣ маълум шудааст, фош намояд.
- Ба хизмати гражданӣ ба мансабе, ки ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва хоҷагӣ алоқаманд мебошад, наметавонад шахсе қабул карда шавад, ки ҷинояти вазнин, махсусан вазнин содир карда, доғи судиаш бардошта нашудааст.