Моддаи 195-и Кодекси Меҳнат. Тартиби ситонидани ҷуброни зарар
- Маблағи зараре, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест, бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зарар қабул карда мешавад.
- Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зарар, ў ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
- Агар маблағи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ў зиёд бошад ё аз рўзи ошкор шудани зарар ду ҳафта гузашта бошад, корфармо зарарро ба тариқи судӣ меситонад.