Моддаи 108-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он
- Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд.
- Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ўро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
- Рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
- Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад.
- Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.