Главная / Чамъият / Рухсатии мехнатии харсола ва холатхои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

Рухсатии мехнатии харсола ва холатхои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

Моддаи 108-и Кодекси Мехнат. Рухсатии мехнатии харсола ва холатхои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

  1. Корфармо ухдадор аст, ки ба корманд дар давоми хар як соли кори (хар сол) рухсатии мехнати пешниход намояд.
  2. Дар холатхои истиснои, ки пешниходи рухсатии пурраи мехнати ба корманд дар соли чори ба раванди муътадили кори ташкилот, сохибкори инфироди таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии уро пурра ё кисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
  3. Рухсатии мехнатие, ки бо хохиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи кори хамрох карда мешавад ё ба таври алохида, на дертар аз як соли пайдо кардани хукук ба рухсати мавриди истифода карор мегирад.
  4. Ба кормандони синнашон ба хаждах нарасида ва кормандоне, ки ба корхои вазнин машгул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки мехнати кор мекунанд, инчунин дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии мехнати ичозат дода намешавад.
  5. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии мехнати манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …