Моддаи 78-и Кодекси Андоз. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод оид ба андоз
- Қарзи зерини андози андозсупоранда беэътимод эътироф гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешавад: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
-дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм – шашуми қисми 1 моддаи 64 Кодекси мазкур;
-дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1046; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода мешавад, ки дар ҳолатҳои алоҳида қарзҳои андоз, ҷарима ва фоизҳои андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)