Главная / Илм / ЙОДОДЕРМА

ЙОДОДЕРМА

yododermaЙОДОДЕРМА (аз йод ва дерма), як тарзи осеб ёфтани пуст, ки бинобар дуру дароз истифода бурдани дорухои йод, хусусан йодиди калий ба вучуд меояд. Хангоми идиосинкразия нисбати дорухои мазкур Й. метавонад хатто баъди як маротиба истифода бурдани йод инкишоф ёбад. Аломати Й. дар пуст пайдо шудани ташкилахои омосшакли дарднок аст. Кутри онхо 3 – 5 см буда, ранги кабуди сурхча доранд. Маркази ташкилахо захм пайдо карда, карахш мебандад, дар канорхо пустулахои нав пайдо мешаванд. Й. одатан дар руй, гардан, дасту по падид меояд. Он хамчунин имкон дорад дар шакли саглес, рихинак, хасбаи буллёзи, гулгуна ва г. рух намояд.
Барои муоличаи Й. кабл аз хама ба истифодаи дорухои йод хотима бахшидан лозим аст; истеъмоли гизохои шири ва сабзавоти нафъи зиёд дорад. Аз дорухои пешоброн ва исхоловар низ истифода мебаранд, ба пуст рангхои анилини, мархамхои дорои антибиотик (мас., оксикорт) мемоланд. Фарчоми бемори нек аст.
Бо максади пешгирии Й. дорухои йодро бо фосилахо таъин кардан лозим аст. Хангоми дар пуст пайдо шудани хасба (дамидани доначахо) бояд ба истифодаи онхо хотима бахшид.

А. А. Хусайнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …