ДОРУҲОИ ЭҲТИҶОБӣ, моддаҳое, ки бо об маҳлули ширешмонанд ҳосил менамоянд. Д. э. луобпарда ва пӯстро бо пардаи муҳофиз пӯшонида, торҳои асаби ҳисро аз таъсироти гуногун ҳифз мекунанд. Онҳо барои табобати омоси узвҳои ҳозима, заҳролудӣ аз ишқору баъзе моддаҳои сӯзонанда, зиёд кардани муддати таъсири давоҳои гуногун ва ғ. истифода мешаванд. Ба Д. э. крахмал, желатина, донаи зағир, тухми саълаб ва ғ. мансубанд. Таъсири Д. э. ба луобпарда ва пӯст ҳаммонанди маводи ҷаббанда ва мулайин аст.д.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …