ГАНГЛИОЗИДҲО, сиалогликолипидҳо, липидҳои сохторашон мураккаб, ки дар молекулаашон унсури карбогидрат доранд. Г. асосан дар сатҳи ҳуҷайраи бофтаи асаб ҷой гирифтаанд, вале онҳоро дар пардаи ҳуҷайраҳои эритроситҳо, ҳуҷайраҳои ҷигар, сипурз ва ғ. низ пайдо кардан мумкин аст. Г. дар тамоси байни ҳуҷайраҳо ширкат меварзанд. Г. ҳамчунин ретсепторҳои махсуси «шинохтан»-и баъзе заҳрҳо ва серотонин мебошанд.
Ихтилоли генетикии синтез ва мубодилаи Г. асоси бемориҳои вазнини ирсӣ – ганглиозидозҳо (гликолипидозҳо) маҳсуб мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …