Главная / Илм / ГИДРОХЛОРИДИ ПАПАВЕРИН

ГИДРОХЛОРИДИ ПАПАВЕРИН

gidrokhloridГИДРОХЛОРИДИ ПАПАВЕРИН, як навъ дору. Дар шакли маҳлул, шамъча, қурс истеҳсол мешавад. Г. п. доруи рафъи ихтилоҷ (спазм) буда, фишори хунро мефарорад, тонуси мушакҳои узвҳои дарун (роҳи меъдаю ҳозима, нафас ва аъзои таносул)-ро паст мекунад; вояи бисёри он ангезиши мушаки дилро суст менамояд. Г. п.-ро дар мавриди спазми мушакҳои суфта – узвҳои ҷавфи шикам (холесистит, пилороспазм, колити спазмавӣ, халаи ҷигар), рагҳои канорӣ (эндартериит), мағзи сар, дил (зиқи дил) ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми бемории глаукома, нуқси вазнини ҷигар, ҳамчунин ба пирсолон ва кӯдакон (то 6 моҳа) таъин кардани он ҷоиз нест. Г. п. метавонад боиси сар задани аксуламали аллергӣ, паст шудани фишори артерия, қабзият, хоболудӣ, эозинофилия ва ғ. шавад. Г. п.-ро мутобиқи таъиноти духтур истифода бурдан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …