Главная / Илм / ЗАХМ

ЗАХМ

zakhmЗАХМ (Vulnus), ҷароҳат, осеб дидани бофтаҳост, ки аз он пӯст, луобпарда, мушак ва ғ. иллат меёбанд. Аз яраи чуқур нафақат пӯсту ғози таҳти он, балки мушакҳо, устухонҳо, асабҳо, пай, бандакҳо, баъзан рагҳои калони хун низ зиён мебинанд. Агар захм чуқур ва ба ягон ҷавф (шикам, косаи сар ва ғ.) сар дароварда бошад, узвҳои дарун ҳам осеб меёбанд.
Ҷароҳат ҳатман хунрав, дарднок ва канорҳояш боз (аз ҳам дур) мешавад. З.-ҳои ниҳоят хуншор (хусусан рагҳои калон), узвҳои дарунӣ ва дардашон сахт барои ҳаёт хатарнок мебошанд. Дар диг. ҳолатҳо ба З. роҳ ёфтани микробҳо – ангезандаҳои кузоз ва ҳорӣ басо хавфнок аст.
Ба ҳар гуна З. (ғайр аз З.-и ҷарроҳӣ) ҳангоми маҷрӯҳ гаштан албатта микробҳо меафтанд; ёрии аввалини нодуруст ба такроран ифлос шудани захм замина мегузорад. Микроби зиёд З.-ро ба хуруҷ меорад. Микробҳо дар хуни бастаи З.-и чуқур низ хуб афзоиш мекунанд.
Агар З. аз буридан, халидани чизе ё кӯфтан бошад, ба он ангезандаҳо камтар роҳ меёбанд; қобилияти ҳаётии бофтаҳо дар ин қабил захмҳо фақат дар ҳолате вайрон мешавад, ки бофта аз чизи захмовар бевосита осеб дида бошад. Агар олоти захмовар ҳар чӣ қадар тез (бурро) бошад, ҳамон қадар ҷароҳат хурд мешавад (аз ҳамин сабаб корди ҷарроҳиро мисли теғи поку тез мекунанд). Шакли чунин З.-ҳо мураккаб нест. Хуни З.-и бурида ва кӯфта андарун ҷамъ нашуда, озодона мешорад. Азбаски аз З.-и халида хун кам рафта, яра боз намешавад, ба он роҳ ёфтани ангезандаҳо душвор аст. Сирояти З.-и бофтаҳо, ки бо хун бағоят хуб таъмин мешаванд (рӯй, пӯсти сар ва ғ.) камтар мушоҳида мерасад.
З.-ҳои дарида, зарбу лат, аксари З.-ҳои тир ва газидаи ҷонварон калон мебошанд. Ҳангоми даридани З. порчаи калони пӯст бо насҷи зери он канда мешавад. Дар аснои З.-ҳои калон (зарбу латхӯрда, ғиҷиму маҷақшуда), одатан, миқдори зиёди бофтаҳо нобуд ё қобилияти ҳаётии онҳо суст мегардад; хунрагҳои майдаи девораи З. кафида, бо лахтаҳои хун (тромбҳо) баста мешаванд. Дар З.-е, ки асосан қабат-қабат аст, хун ҷамъ мегардад. Ин ҳолат ба оризаҳои сироят, аз ҷумла сирояти анаэробӣ мусоидат мекунад. Сирояти чирковар низ хатарнок аст, чунки рими яра ба бофтаҳои зиндаи ҳамшафат гузашта, онҳоро маҳв месозад. Дар гирди З. римхонаю флегмонаҳо пайдо мешаванд, яъне рими З. ба диг. қисмҳои бадан мегузарад.
Дар баъзе ҳолатҳо метавонад уфунат ба вуҷуд ояд. Агар рими З. бисёр ва кӯҳна бошад, маҷрӯҳ бемадор мешавад. Ба З.-и калон ангезандаи кузоз сироят карданаш мумкин аст. З.-и хурди андаке боз ва бериму фасод зуд сиҳат мешавад. Дар муддати 7 – 10 рӯз канорҳои З. бо ҳам мечаспанд, минбаъд дар ҷои он андаке из боқӣ мемонад (мас., баъди З.-и ҷарроҳӣ). З.-и калону боз тадриҷан бо бофтаҳои нав пур шуда, шифо меёбад. З. дар чанд ҳафта ё моҳ (вобаста ба андозаи яра) дуруст мешавад. Бо мақсади пешгирии ифлосӣ ба пӯсти атрофи З. маҳлули спиртии йод молида, бандинаи тамйизшуда мепечонанд (ниг. Антисептика, Асептика).
Агар З. хуншор бошад, пеш аз ҳама хунравиро қатъ бояд кард. Дар сурати хавфнок будани З.-и даст ё пой ин узвҳоро ноҷунбон мекунанд. Дар натиҷа бо нақлиёт ба беморхона бурдани бемор осон мешавад. Агар З. олудаи хок, ҷисмҳои бегона, моддаҳои радиоактив ё заҳрдор бошад, ёрии таъҷилии ҷарроҳ зарур аст. Ҳангоми садама, хунравии зиёд ва З.-и сӯрохкунанда (мас., захми сари сина, шикам) маҷрӯҳро зуд бо занбар то назди нақлиёти санитарӣ бурдан лозим меояд.
Шахсе, ки ӯро саг, гурба ё диг. ҳайвонот газидааст бояд фавран (ҳатто яраи хурд бошад ҳам) ба духтур муроҷиат намояд. З.-и хурду рӯяк ва тоза зери бандина сиҳат мешавад (дар сурати дуруст будани ёрии аввалин). Агар баъди 1 – 2 шаборӯзи З. бардоштан он дард кунад (ин гувоҳи оғози оризаи сироятист), бояд ҳатман ба ҷарроҳ муроҷиат кард (хусусан баъди З.-и ангуштони даст, ки метавонад ба хасмол табдил ёбад).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …