Главная / Илм / ЗАХМ

ЗАХМ

zakhmЗАХМ (Vulnus), чарохат, осеб дидани бофтахост, ки аз он пуст, луобпарда, мушак ва г. иллат меёбанд. Аз яраи чукур нафакат пусту гози тахти он, балки мушакхо, устухонхо, асабхо, пай, бандакхо, баъзан рагхои калони хун низ зиён мебинанд. Агар захм чукур ва ба ягон чавф (шикам, косаи сар ва г.) сар дароварда бошад, узвхои дарун хам осеб меёбанд.
Чарохат хатман хунрав, дарднок ва канорхояш боз (аз хам дур) мешавад. З.-хои нихоят хуншор (хусусан рагхои калон), узвхои даруни ва дардашон сахт барои хаёт хатарнок мебошанд. Дар диг. холатхо ба З. рох ёфтани микробхо – ангезандахои кузоз ва хори басо хавфнок аст.
Ба хар гуна З. (гайр аз З.-и чаррохи) хангоми мачрух гаштан албатта микробхо меафтанд; ёрии аввалини нодуруст ба такроран ифлос шудани захм замина мегузорад. Микроби зиёд З.-ро ба хуруч меорад. Микробхо дар хуни бастаи З.-и чукур низ хуб афзоиш мекунанд.
Агар З. аз буридан, халидани чизе ё куфтан бошад, ба он ангезандахо камтар рох меёбанд; кобилияти хаётии бофтахо дар ин кабил захмхо факат дар холате вайрон мешавад, ки бофта аз чизи захмовар бевосита осеб дида бошад. Агар олоти захмовар хар чи кадар тез (бурро) бошад, хамон кадар чарохат хурд мешавад (аз хамин сабаб корди чаррохиро мисли теги поку тез мекунанд). Шакли чунин З.-хо мураккаб нест. Хуни З.-и бурида ва куфта андарун чамъ нашуда, озодона мешорад. Азбаски аз З.-и халида хун кам рафта, яра боз намешавад, ба он рох ёфтани ангезандахо душвор аст. Сирояти З.-и бофтахо, ки бо хун багоят хуб таъмин мешаванд (руй, пусти сар ва г.) камтар мушохида мерасад.
З.-хои дарида, зарбу лат, аксари З.-хои тир ва газидаи чонварон калон мебошанд. Хангоми даридани З. порчаи калони пуст бо насчи зери он канда мешавад. Дар аснои З.-хои калон (зарбу латхурда, гичиму мачакшуда), одатан, микдори зиёди бофтахо нобуд ё кобилияти хаётии онхо суст мегардад; хунрагхои майдаи девораи З. кафида, бо лахтахои хун (тромбхо) баста мешаванд. Дар З.-е, ки асосан кабат-кабат аст, хун чамъ мегардад. Ин холат ба оризахои сироят, аз чумла сирояти анаэроби мусоидат мекунад. Сирояти чирковар низ хатарнок аст, чунки рими яра ба бофтахои зиндаи хамшафат гузашта, онхоро махв месозад. Дар гирди З. римхонаю флегмонахо пайдо мешаванд, яъне рими З. ба диг. кисмхои бадан мегузарад.
Дар баъзе холатхо метавонад уфунат ба вучуд ояд. Агар рими З. бисёр ва кухна бошад, мачрух бемадор мешавад. Ба З.-и калон ангезандаи кузоз сироят карданаш мумкин аст. З.-и хурди андаке боз ва бериму фасод зуд сихат мешавад. Дар муддати 7 – 10 руз канорхои З. бо хам мечаспанд, минбаъд дар чои он андаке из боки мемонад (мас., баъди З.-и чаррохи). З.-и калону боз тадричан бо бофтахои нав пур шуда, шифо меёбад. З. дар чанд хафта ё мох (вобаста ба андозаи яра) дуруст мешавад. Бо максади пешгирии ифлоси ба пусти атрофи З. махлули спиртии йод молида, бандинаи тамйизшуда мепечонанд (ниг. Антисептика, Асептика).
Агар З. хуншор бошад, пеш аз хама хунравиро катъ бояд кард. Дар сурати хавфнок будани З.-и даст ё пой ин узвхоро ночунбон мекунанд. Дар натича бо наклиёт ба беморхона бурдани бемор осон мешавад. Агар З. олудаи хок, чисмхои бегона, моддахои радиоактив ё захрдор бошад, ёрии таъчилии чаррох зарур аст. Хангоми садама, хунравии зиёд ва З.-и сурохкунанда (мас., захми сари сина, шикам) мачрухро зуд бо занбар то назди наклиёти санитари бурдан лозим меояд.
Шахсе, ки уро саг, гурба ё диг. хайвонот газидааст бояд фавран (хатто яраи хурд бошад хам) ба духтур мурочиат намояд. З.-и хурду руяк ва тоза зери бандина сихат мешавад (дар сурати дуруст будани ёрии аввалин). Агар баъди 1 – 2 шаборузи З. бардоштан он дард кунад (ин гувохи огози оризаи сироятист), бояд хатман ба чаррох мурочиат кард (хусусан баъди З.-и ангуштони даст, ки метавонад ба хасмол табдил ёбад).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …