Главная / Илм / ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО

Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста оҳиста хунук мешавад.

Нақшаи таркиби вулқон хеле содда аст. Асоситарин қисматҳои вулқон аз кӯра, даҳана ва танӯра иборат меёбанд. Қӯра ҷоест, ки дар он магмаи зиёд шакл меги­рад. Ин магма ба боло тавассути даҳана ҳаракат мекунад. Ҳамин тариқ даҳана – ин маҷроест, ки кӯраро бо сатҳои замин мепайвандад. Даҳана аз ҳисоби магмаи дар роҳ хунукшуда шакл мегирад ва ба андозаи наздик шудан ба сатҳи Замин танг мегардад. Ва қисмати саввум танӯра -ин чуқуриест дар қисмати болоии вулқон, ки шакли пиёларо дорад.

Дар макони ҷойгиршавии магма, гузаронидани мушоҳидаҳо бисёр душвор мебошад. Ҳангоми оташфишонии вулқон, магмаи ба сатҳи замин партобшуда, баъди бухор гардидани газҳо ба гудоза табдил меёбад. Фарқияти магма аз гудоза – набудани газҳо ба шумор меравад.

ВУЛҚОНҲОВулқонҳо аз рӯи замони фаъолияташон ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ мегарданд: амалкунанда (фаъол) ва хомӯш (ҷадвали 7).

Таснифи (классификациям) вулқонҳо

Амалкунанда (фаъол) Ҳамеша ё дар тули муддати муаян сели гудоза, газ, бут ва тиккаҳои ҷинсҳои кӯҳиро партоб мекунанд.
Хомӯш Фаъолият надоранд в а мубтало ба бодлесанд.

Вулқонҳои амалкунанда (фаъол) дар ҳар замони муаян ҷинси кӯҳии iy- дохташуда, хокистар, газ ва сангҳоро партоб мекунанд. Чаро, ки дар поини ин унсурҳо, қӯраи магматикии ба як оташдони бузург монанд воқеъ гардидааст. Дар ин оташдон ҷинсҳои кӯҳӣ гудохташуда ба гудозаи оташини моеъшакл табдил ме- ёбанд.

Вулқонҳои хомӯш дар замонҳои хеле қадим фаъол буданд. Қӯра дар зери онҳо кайҳо хомӯш гардидааст ва худи онҳо чунон хароб гардидаанд, ки танҳо таҳқиқоти геологҳо нишонаҳои фаъолияти вулқонии қадимиро кашф мекунанд . Ин вулқонҳо на танҳо ба релеф, балки ба шаклгирии пӯшиши хокӣ- растанӣ ва фаъолияти ҳаётии одамон низ таъсир мегузоранд.

Аҳамияти вулқонҳо барои хоҷагидорӣ низ бисёр калон аст. Дар бисёр ҷойҳо ашёҳои сахтшудаи вулқонй, чун канданиҳои фоиданок мавриди истифода қарор дода мешаванд – 1удозаи базалтӣ барои истеҳсоли маснуъоти изолятсионй, рехтагарй, кислотатобовар ва инчунин ба сифати ашёи сохтмонӣ ва роҳсозӣ ис­тифода мегардад. Баъзе намудҳои туфсанги вулқонӣ барои истеҳсолӣ семент ва ба сифати санги сохтмонӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …