ВМКБ – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад.
Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро танзим менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
- Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 2. Тартиби ҳалли масъалаи воҳидҳои марзиву маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳри Хоруғ, ноҳия, шаҳрак ва деҳот иборат аст. Маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ мебошад.
2.Ҳудуди вилоят бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйир дода намешавад.
Моддаи 3. Намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сарфи назар аз шумораи аҳолиаш, дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар дорад;
-яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намяондагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад;
-яке аз судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Моддаи 5. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунӣ ва судӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” танзим мекунад.
2.Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат)-ро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот” танзим мекунад.
3.Фаъолияти судҳоро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” танзим мекунад.
БОБИ 2.
АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Моддаи 6. Моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Амволи мақомоти ҳокимият ва идораи он, сарватҳои фарҳангӣ ва таърихии аҳолӣ, маблағҳои буҷети вилоят, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои кишоварзӣ, савдо, хизмати маишӣ, нақлиёт, дигар корхона ва комплексҳои саноатию бинокорӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят заруранд, моликияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Моддаи 7. Моликияти воҳидҳои марзиву маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, кишоварзӣ, хизмати маишӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амволи мақомоти ҳокимият ва идораи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ заруранд ва дар қаламрави онҳо воқеанд, моликияти вилоят, шаҳру ноҳия ё дигар воҳиди марзиву маъмурӣ мебошанд, агар дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Моддаи 8. Идоракунии объектҳои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои моликияти коммуналии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдорро дар доираи ваколатҳои худ идора мекунанд. Объектҳои мазкур бо мақсади хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудуди дахлдор истифода мешаванд.
2.Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Тартиби аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ гузаронидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3.Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси қарорҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор амалӣ карда мешвад.
Моддаи 9. Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
1.Фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ин мақомот барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои онҳо, ки дар воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор ҷойгиранд, ба инкишофи иқтидори содиротӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии ба рақобат тобовар мусоидат менамояд.
2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ дар ин самт ҳуқуқ дорад:
-ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намояд;
-барои ҷалби инвеститсияи хориҷӣ шароит фароҳам оварад;
-мутобиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои наздисарҳадӣ ташкил намояд;
-мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дигар намудҳои фаъолиятро амалӣ намояд.
Моддаи 10. Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ
Мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ ва раис ба ҷойгиркунии мақсадноки объектҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси зерсохторҳои дахлдор, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, назорат мекунанд.
БОБИ 3.
АСОСҲОИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Моддаи 11. Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз инҳо иборатанд:
-маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети мақомоти болоӣ, қарзи буҷетӣ аз буҷети мақомоти болоӣ, маблағҳои хайрия, коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ, даромад аз чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва фарҳангӣ, сармоягузории хориҷӣ, дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.
2.Дар асоси шартнома манбаъҳои молиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияро бо манбаъҳои молиявии дигар вилоят, шаҳр, ноҳия, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои маблағҷудокунӣ ба барномаҳои муштарак, аз ҷумла барои иҷрои барномаҳои тараққиёти байниминтақавӣ муттаҳид кардан мумкин аст.
Моддаи 12. Даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия аз ҳисоби манбаъҳо ва маблағҷудокуниҳо, даромадҳо аз андоз ва даромадҳои ғайриандозӣ, инчунин аз воридоти маблағҳо аз ҳисоби андозу пардохтҳои танзимкунанда иборат мебошад.
2.Ба даромадҳо аз андоз дохил мешаванд:
-андозҳои маҳаллӣ, ки намудҳои онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;
-даромад аз андозу пардохтҳои танзимкунанда мутобиқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муқаррар кардааст;
-боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мешавад;
-даромад аз дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
-дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд.
3.Ба даромадҳои ғайриандозӣ дохил мешаванд:
-даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), қарзи буҷетӣ ё дар шакли дигар;
-даромад аз хизматрасонии пулакие,ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои идории буҷетӣ мерасонанд;
-воридоти маблағ аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ, аз ҷумла ҷарима, пушаймона, ноустуворона, ҷубронпулӣ ва ғайра;
-хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-даромад аз гузаронидани ҳашарҳо;
-даромад аз коғазҳои қиматнок, бурднок ва музоядаҳои маҳаллӣ;
-даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии шаҳр ва ноҳия мебошад ё дар идораи хоҷагии онҳо қарор дорад.
4.Барои супоридани андоз, боҷ ва пардохтҳои маҳаллие, ки ба буҷети маҳаллии дахлдор ворид мегарданд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия ҳуқуқ дорад ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон имтиёзҳо муқаррар намояд.
Моддаи 13. Хароҷоти буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ танҳо хароҷоти зайл маблағгузорӣ карда мешавад:
-таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
-ташаккули моликияти коммуналии воҳиди марзиву маъмурии дахлдор ва идоракунии он;
-таъсис, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисаҳои маориф,тандурустӣ, фарҳанг, илм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давалатӣ мебошанд;
-инкишофи хоҷагии манзилию коммуналӣ;
-сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳое,ки аҳамияти маҳаллӣ доранд;
-ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал;
-истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;
-таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;
-ҳифзи муҳити зисти маҳал;
-амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
-хизматрасонии қарзии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти онҳо;
-кӯмаки молиявии беподош ба аҳолӣ;
-гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
2.Маблағгузории фаъолияти дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигари дорои аҳамияти маҳаллӣ мутобиқи гурӯҳбандии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
3.Дар давраи байни иҷлосияҳо ба захираҳои озоди молиявии буҷет, ки нисбати буҷети тасдиқшуда ба андозаи на зиёда аз даҳ фоизро ташкил мекунад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ихтиёрдорӣ намуда, қарорҳои худро ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод мекунад. Агар захираҳои озоди молиявии буҷет зиёда аз даҳ фоизи буҷети тасдиқшударо ташкил диҳанд, дар он сурат раис тағийроту иловаҳои ба буҷети маҳаллӣ воридкардашударо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд.
4.Хароҷоти якҷояи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳия ва буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Дар доираи буҷети тасдиккардашуда Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия метавонад фонди захиравии раисро дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади умумии буҷети дахлдори маҳаллӣ таъсис диҳад ва ба таркиби хароҷоти он дохил намояд.
2.Ба фонди захиравӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ихтиёрдорӣ намуда, дар бораи хароҷоти он ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқҳисобот медиҳад.
Моддаи 15. Ҳуқуқҳои буҷетии Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия
1.Аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия таҳия карда мешавад.
2.Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот ба Маҷлиси дахлдори халқ пешниҳод карда мешавад.
3.Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия дар шакли қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халққабул карда мешавад.
4.Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия мумкин аст бо барзиёдӣ (профитсит) таҳия ва тасдиқ карда шавад.
Маблағгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳаҷме, ки буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ муқаррар намудаанд, сурат мегирад.
Барои нигоҳдории мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси дахлдори вакилони халқ хароҷотро муқаррар менамояд.
Дар доираи ваколати худ Маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия ҳангоми иҷрои буҷет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.
5.Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳия иҷрои буҷетро тасдиқ мекунад.
БОБИ 4.
АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Моддаи 16. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи маориф
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамояд, барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусияти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия намуда, амалӣ мегардонад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инкишофи системаи давлатии маорифро таъмин намуда, ба кори муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои илмии тадқиқотӣ, ки дар ҳудуди вилоят воқеанд, назорат мебарад ва ба инкишофи илм мусоидат мекунад.
Моддаи 17. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи фарҳанг
1.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати давлатро дар соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
2.Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт ҳимоя менамояд.
3.Мақомоти махаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи инкишофи фарҳанг тадбирҳои зайлро амалӣ мегардонад:
-таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дар ҳудуди вилоят бо назардошти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ, анъанаҳои таърихии аҳолии вилоят;
-корҳои созмондиҳӣ барои ташкил намудани марказҳои фарҳангӣ дар ҳудуди вилоят ва берун аз он;
-ташкил намудани марказҳои таълимии омӯзиши касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ;
-фароҳам овардани шароит барои иштироки озодонаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, такмили ҳамаҷонибаи эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят;
-ҳалли масъалаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ;
-инкишофи шабакаҳои муассисаҳои фарҳангӣ, телевизион ва радио.
Моддаи 18. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонад:
-гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;
-назорат ба риояи қонунҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;
-ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;
-таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии инкишофи системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ;
-ташаккул додани мақомоти идоракунӣ, инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, бо доруворӣ,техникаи тиббӣ ва бо таҷҳизоти таъиноти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ;
-ташкили кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар намудҳои кӯмаки тиббӣ ва таъмини дастрасии он ба аҳолӣ;
-мусоидат барои инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ;
-таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
-ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи нигоҳдории тандурустӣ;
-ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологию радиатсионӣ;
-иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, моддаи 247; соли 2000, №11, мод. 515; соли 2005, №12, мод.624) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 30 июли соли 2007
№ 303
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июни соли 2007, № 605
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 6, моддаи 476) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 373
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 7, моддаи 715) ҷонибдорӣ гардидааст.
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №7, мод. 653)