Главная / Илм / ВАБО

ВАБО

choleraВАБО (Cholera), бемории шадиди сироятист, ки боиси иллат ёфтани рӯдаи борик, вазнинии ҳолати умумии организм ва камобии бадан мегардад. Ангезандаи В. вибрионҳо мебошанд. Ҳангоми В. рӯдаи борик аз таъсири заҳри ангезанда осеб ёфта, мубодилаи обу электролитҳо вайрон, хун ғализ, фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо хароб мешавад.
Ангезаи В.-ро с. 1883 Р. Кох кашф кардааст. Вибриони В. (Vibiro cholerae) вергулшакл, грамманфӣ ва аэроб буда, бинобар қамчинак доштанаш, ҳаракат мекунад.
Аз рӯи сохтори антигенӣ вибриони В. дорои се навъи серологӣ аст: инаба, огава, гикошима. Яке аз шаклҳои вибрион биотипи Эл-Тор мебошад, ки онро с. 1905 Готшлих кашф кардааст.
Вибриони В. аз таъсири нури офтоб, ҳарорати баланд ва хушконидан зуд маҳв мешавад. Дар аснои ҷӯшонидан, ҳамон лаҳза ва ҳангоми то 60°С гарм кардан, дар тӯли 30 дақиқа нобуд мегардад; дар обҳои равон аз 3 то 5 рӯз зинда мемонад. Дар таркиби наҷосати мариз вибрионҳо метавонанд муддати зиёд (то як моҳ, дар ҷои торику намнок то 2 моҳ) маҳфуз монанд. Вибриони В. ба таъсири моддаҳои гандзудо ва маҳлули кислотаҳо тоб намеорад. Маҳлули кислотаи хлорид ҳатто баъди бо таносуби 1:10000 ҳал кардан низ вибриони А.-ро дар тӯли чанд сония маҳв месозад.
Манбаи сироят мариз, бемори шифоёфта ва ҳомилони ангезаи В. ба шумор мераванд. Ангезаҳои беморӣ ба муҳит тавассути наҷосат ва моддаи қай хориҷ мешаванд. Дар бобати паҳн намудани ангезаи В. хусусан одамони мубталои шакли сабук ва ниҳонии ин беморӣ хавфноканд.
Ангезаи В. тавассути хӯрокворӣ, об, ҳамчунин даст ва асбобҳои рӯзгор, ки аз наҷосат ва моддаи қайи мариз олуда гаштаанд, интиқол меёбад. Дар паҳн кардани ангезаи В. хусусан магасҳо мақоми калон доранд. Вобаста ба омилҳои интиқол ва роҳҳои паҳн гаштани вибрион эпидемияҳои В. тамосӣ, маишӣ, обӣ, ғизоӣ ва омехта мешаванд. Аз ҳама бештар эпидемияҳои обӣ ва обиву тамосии В. дучор меоянд. В. бемории мавсимӣ (тобистону тирамоҳ) аст.
Ангезаҳои В. ба организми одам аз роҳи узвҳои ҳозима ворид мешаванд. Онҳо бисёр вақт дар меъда бинобар таъсири кислотаи хлорид маҳв мегарданд. Беморӣ ҳамон вақт пайдо мешавад, ки агар ангезаҳо аз садди меъда гузашта, дар рӯдаи борик ҷой гиранд. Онҳо дар рӯдаи борик афзоиш карда, экзотоксин хориҷ менамоянд.
Давраи ниҳонии В. аз чанд соат то 5 шаборӯз (бештар 2 – 3 рӯз) аст. Вобаста ба зуҳуроти аломатҳо В. сабук, миёна, вазнин ва беҳад вазнин мешавад. Инро аз рӯи дараҷаи талафи об дар организм муайян мекунанд. Олими рус В.И. Покровский чанд дараҷаи камоб гаштани организмро ҷудо кардааст: Дараҷаи I – об баробари 1 – 3 фоизи массаи бадан талаф меёбад (шакли сабуки В.); Дараҷаи II – талафи моеъот ба 4 – 6 фоиз мерасад (шакли вазниниаш миёна); Дараҷаи III – дар аснои беморӣ 7 – 9 фоизи моеъоти организм талаф хоҳад ёфт (шакли вазнин); Дараҷаи IV – талафи моеъот 9 фоизро ташкил мекунад (шакли беҳад вазнин).
В. ногаҳон хуруҷ карда, шабона ё пагоҳӣ дар мариз хоҳиши беисти қазои ҳоҷат пайдо мешавад. Шикам дард намекунад ва тоб намедиҳад. Наҷосат аввал муқаррарӣ буда, якҷоя бо қисмҳои ғизо меояд; сипас вай обакии зард ва минбаъд мисли ҷӯшоби биринҷ мешавад. Дар чунин ҳолатҳо наҷосат бебӯй аст ё бӯи моҳиро медиҳад.
Бемор дар як шаборӯз аз 3 то 10 маротиба қазои ҳоҷат мекунад, камиштиҳо ва ташна мешавад. Ҳарорати бадан бисёр вақт мӯътадил аст. Набз тез, забон хушк буда, шикам қур-қур мекунад. Дар сурати сабук гузаштани беморӣ, исҳол аз чанд соат то 1 – 2 шаборӯз давом меёбад. Талафи моеъ 1 – 3 фоизи массаи баданро ташкил медиҳад (камобии дараҷаи I). Хосиятҳои физикавию химиявии хун бетағйир буда, мариз сиҳат мешавад.
Дар ҳолатҳои рӯ ба вазнинӣ овардани беморӣ мариз зуд-зуд (дар як шаборӯз 15 – 20 маротиба) ба қазои ҳоҷат меравад; наҷосат обакӣ буда, ба ҷӯшоби биринҷ мемонад. Дил беҳузур намешавад, аммо бемор бисёр қай мекунад; қай обакӣ ва зардча (бинобар омехта шудан ба талха) аст. Дар тӯли чанд соат талафи моеи организм ба 4 – 6 фоизи массаи бадан баробар мешавад (камобии дараҷаи II). Вазъи умумии мариз бад ва ӯ беҳол мешавад, ташна мемонад, даҳонаш мехушкад. Бинобар гипоксияи бофтаҳо, ихтилоли мубодилаи обу электролитҳо ва инкишофи атсидоз дар баъзе маризон ихтилоҷи (рагкашии) муваққатии мушакҳои соқи пой, каф ва панҷаҳо рух менамояд, пешоб кам мегардад. Ҳарорати бадан, одатан, мӯътадил аст. Пӯсти мариз бетароват, халташакл ва кабуд мебошад; луобпардаҳо низ мехушканд, овоз мегирад.
Дар мавриди саривақт ва дуруст муолиҷа кардан, қай ва исҳол гум шуда, ихроҷи пешоб ва унсурҳои таркиби хун барқарор мегарданд, вазъи мариз рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Ҳангоми дар муолиҷа таъхир кардан, дар тӯли чанд соат талафи моеъот ба 7 – 8 фоизи массаи бадан мерасад (камобии дараҷаи III). Вазъи мариз хеле бад мешавад, нишонаҳои токсикози возеҳ инкишоф меёбанд: тарҳи рӯй теғадор шуда, чашм фурӯ меравад, луобпардаҳову пӯст мехушканд, пӯсти панҷаҳо халта мезанад; фишори шараён якбора паст хоҳад шуд. Ҳарорати бадан мӯътадил ё паст аст; дар ҳолатҳои вазнин шудани ҷараёни беморӣ талафи моеъ ба 10 фоизи массаи бадан мерасад (камобии дараҷаи IV). Вазъи мариз рӯ ба табоҳӣ меорад: исҳол ва қай, ки зуд-зуд рух менамуданд, кам ё батамом қатъ мегарданд. Нӯги бинӣ, гӯш, лаб ва пилки чашм бунафш ё пурра сиёҳ, чеҳра теғ дода, атрофи чашм кабуд мешавад; ғӯзаи чашмҳо дар косахона мешинанд ва ба тарафи боло тоб мехӯранд. Овози мариз хеле гирифта аст, ҳарорати бадан то 35 – 34°С паст мефарояд. Пӯст сард ва халтамонанд шуда, ҳангоми қабза кардан, мисли хамир то дер ҳамвор намегардад. Набз хеле суст аст, дамкӯтаҳӣ рух менамояд, нафаскашӣ берабт, сатҳӣ (дар 1 дақиқа 40 – 60 маротиба) аст; бемор бинобар нафастанг шудан, бо даҳони боз нафас мегирад. Шикам ба тахтапушт мешинад, дар мавриди ихтилоҷи мушакҳо дард мекунад. Ин шакли В. аз чанд соат то чанд шаборӯз давом меёбад. Дар мавриди саривақт табобат накардан, бемор аз ҳуш рафта буғӣ мешавад. Ҳолатҳои фавт 60 фоизро ташкил медиҳанд.
В. барқосо низ мешавад. Он ногаҳон оғоз ёфта, бисёр тезу туд ҷараён мегирад, организм оби хеле зиёд талаф медиҳад. В.-и барқосо хусусан барои кӯдакони то яксола хавфнок аст. Бинобар номукаммал будани механизмҳои физиологии мутобиқат дар кӯдакон зуд беобии талофинопазир ба вуҷуд меояд.
Анҷоми В. ҳангоми саривақт ва дуруст муолиҷа кардан нек аст. Вабои барқосо ва ба таъхир мондани табобат метавонад оқибати нохуш ба бор орад.
Ташхиси В. дар давраи эпидемия чандон душвор нест. Онро ҳатто метавон фақат дар асоси аломатҳои болинӣ (клиникӣ) муқаррар бинмуд. Дар он маҳалҳое, ки В. бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ҳатман маълумоти бактериологӣ низ заруранд. Дар навоҳии вабозада беморон ва ашхосе, ки гирифтори амрози шадиди меъдаву рӯда мебошанд, бояд ошкор карда шаванд, коркунони тиббӣ ҳавлӣ ба ҳавлӣ гарданд ва беморонро ба қайд гирифта, дар шифохона бистарӣ гардонанд.
Васоите, ки барои табобати В. истифода мешаванд, мувозанати обу намаки организмро барқарор карда, заҳролудиро рафъ ва ангезаи бемориро маҳв менамоянд. Одамони бемориашон вазнинро, ки мӯҳтоҷи табобати бетаъхиранд, ба шӯъбаи қабул набурда, зуд дар утоқи обиштагарӣ (регидрататсиявӣ) ҷой медиҳанд. Онҳоро ҳамон лаҳза духтур муоина мекунад. Дар тӯли 5 дақиқаи аввал бояд набз, нафаскашӣ, фишори шараён, вазни бадани мариз, вазни хоси плазма, миқдори ионҳои К ва Na муқаррар карда шавад. Беморро дар кати махсуси «вабо», ки барои хориҷ шудани наҷосат сурохӣ дорад, ҷой медиҳанд. Дар зери кат сатили ченакдор гузошта мешавад (тавассути он миқдори ихроҷотро чен менамоянд). Сипас зуд аз паи барқарор сохтани обу намакҳои талафдодаи организм мешаванд. Бо ин мақсад маҳлули стандартии N1-ро бо таркиби 5, 4, 1, ки 38 – 40° гарм карда шудааст, мефиристанд: ба 1000 мл оби табнаофар (апирогенӣ) 5 г хлориди натрий, 4 г бикарбонати натрий ва 1 г хлориди калий илова менамоянд.
Миқдори маҳлуле, ки ба организм мефиристанд, аз рӯи дараҷаи талафи об муайян карда мешавад: маҳлули N1 дар мавриди вазнин будани беморӣ ба миқдори 10 – 12 фоиз, ҳангоми вазнинии миёна 5 – 8 фоиз ва дар аснои сабук будани он ба миқдори 3 – 4 фоизи вазни бадани мариз фиристода мешавад.
Аввал 2 л маҳлулро ба варид дар тӯли 30 дақиқа равон мекунанд; сипас суръати фиристодани маҳлулро тадриҷан кам карда, баъди 1,5 – 2 соат ба 5 – 10 мл дар як дақиқа мерасонанд.
Одатан пас аз 15 – 25 дақиқаи истифодаи маҳлули намак набз ва фишори шараён рӯ ба беҳбудӣ меорад. Баъди 30 – 45 дақиқа дамкӯтаҳӣ рафъ ва кабудии пӯст (сианоз) кам шуда, забон тар мегардад, овоз пайдо ва набз барқарор мешавад. Минбаъд ба организм ҳамон миқдор маҳлул фиристода хоҳад шуд, ки мариз талаф додааст. Дар мавриди зиёд шудани қай ва исҳол миқдори маҳлули табобатиро низ мувофиқан меафзоянд. Шаборӯзи аввал бемор бояд ба ҳисоби миёна 10 – 15 л (гоҳо бештар) маҳлул қабул намояд. Миқдори умумии маҳлуле, ки ба маризи калонсол дар муддати 3 – 5 рӯзи муолиҷа дода мешавад, метавонад ба 30 – 100 л баробар бошад.
Баҳри ба дигар маҳалҳо паҳн нагаштани В. манбаи онро зуд нест кардан лозим аст. Тадбирҳое, ки бо ин мақсад андешида мешаванд, ба чораҳои ҷилавгирӣ аз дигар бемориҳои сироятии хавфнок монанд мебошанд: тартиб додани нақшаи мубориза бо В., омода сохтани биноҳо дар сурати ошкор шудани ин беморӣ, тайёр кардани коркунони тиббӣ, ҳар моҳ ба қайд гирифтани амрози шадиди рӯда, назорати мунтазами беҳдошти маҳал ва ғ.
С-ҳои 90-уми а. 20 ва миёнаи солҳои 2000-ум дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба В. гирифтор шудани одамон ҷой доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ садҳо нафар одамон мариз гаштанд. Вале бинобар андешидани тадбирҳои саривақтӣ пеши роҳи эпидемия боздошта шуд.
Ҳангоми ба қайд гирифтани вабо маҳалро мамнӯъ (карантин) эълон карда, рафтуомади одамонро манъ менамоянд. Беморон ва ашхоси ба бемории В. гумонбар зуд дар бемористон бистарӣ ва ҷои иқомати онҳо гандзудоӣ (дизинфексия) карда мешавад. Ҳомилони вибрион ва одамони бо онҳо алоқадоштаро низ дар ҷои алоҳида бистарӣ мекунанд, маҳалли сукунат ва чизу чораашонро безарар мегардонанд.
Беморони шифоёфта баъди 3 маротиба натиҷаи манфӣ додани таҳқиқи (кишти) наҷосат ҷавоб дода хоҳанд шуд. Онҳо ва ҳамчунин ашхосе, ки бо маризон алоқа доштанд, тӯли як сол зери назорати диспансерӣ қарор мегиранд.
Ад.: Руднев Г.П., Клиника карантинных инфекций, М., 1972; Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней, М., 1994; Камардинов Х.К., Ахмедов А.А., Холера Эль-Тор. Клиника, лечение, диагностика, диспансеризация переболевших и санация вибрионосителей, Д., 1994.

Х. Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …