Главная / Илм / ВАБО

ВАБО

choleraВАБО (Cholera), бемории шадиди сироятист, ки боиси иллат ёфтани рудаи борик, вазнинии холати умумии организм ва камобии бадан мегардад. Ангезандаи В. вибрионхо мебошанд. Хангоми В. рудаи борик аз таъсири захри ангезанда осеб ёфта, мубодилаи обу электролитхо вайрон, хун гализ, фаъолияти чигар ва гурдахо хароб мешавад.
Ангезаи В.-ро с. 1883 Р. Кох кашф кардааст. Вибриони В. (Vibiro cholerae) вергулшакл, грамманфи ва аэроб буда, бинобар камчинак доштанаш, харакат мекунад.
Аз руи сохтори антигени вибриони В. дорои се навъи серологи аст: инаба, огава, гикошима. Яке аз шаклхои вибрион биотипи Эл-Тор мебошад, ки онро с. 1905 Готшлих кашф кардааст.
Вибриони В. аз таъсири нури офтоб, харорати баланд ва хушконидан зуд махв мешавад. Дар аснои чушонидан, хамон лахза ва хангоми то 60°С гарм кардан, дар тули 30 дакика нобуд мегардад; дар обхои равон аз 3 то 5 руз зинда мемонад. Дар таркиби начосати мариз вибрионхо метавонанд муддати зиёд (то як мох, дар чои торику намнок то 2 мох) махфуз монанд. Вибриони В. ба таъсири моддахои гандзудо ва махлули кислотахо тоб намеорад. Махлули кислотаи хлорид хатто баъди бо таносуби 1:10000 хал кардан низ вибриони А.-ро дар тули чанд сония махв месозад.
Манбаи сироят мариз, бемори шифоёфта ва хомилони ангезаи В. ба шумор мераванд. Ангезахои бемори ба мухит тавассути начосат ва моддаи кай хорич мешаванд. Дар бобати пахн намудани ангезаи В. хусусан одамони мубталои шакли сабук ва нихонии ин бемори хавфноканд.
Ангезаи В. тавассути хуроквори, об, хамчунин даст ва асбобхои рузгор, ки аз начосат ва моддаи кайи мариз олуда гаштаанд, интикол меёбад. Дар пахн кардани ангезаи В. хусусан магасхо макоми калон доранд. Вобаста ба омилхои интикол ва роххои пахн гаштани вибрион эпидемияхои В. тамоси, маиши, оби, гизои ва омехта мешаванд. Аз хама бештар эпидемияхои оби ва обиву тамосии В. дучор меоянд. В. бемории мавсими (тобистону тирамох) аст.
Ангезахои В. ба организми одам аз рохи узвхои хозима ворид мешаванд. Онхо бисёр вакт дар меъда бинобар таъсири кислотаи хлорид махв мегарданд. Бемори хамон вакт пайдо мешавад, ки агар ангезахо аз садди меъда гузашта, дар рудаи борик чой гиранд. Онхо дар рудаи борик афзоиш карда, экзотоксин хорич менамоянд.
Давраи нихонии В. аз чанд соат то 5 шаборуз (бештар 2 – 3 руз) аст. Вобаста ба зухуроти аломатхо В. сабук, миёна, вазнин ва бехад вазнин мешавад. Инро аз руи дарачаи талафи об дар организм муайян мекунанд. Олими рус В.И. Покровский чанд дарачаи камоб гаштани организмро чудо кардааст: Дарачаи I – об баробари 1 – 3 фоизи массаи бадан талаф меёбад (шакли сабуки В.); Дарачаи II – талафи моеъот ба 4 – 6 фоиз мерасад (шакли вазниниаш миёна); Дарачаи III – дар аснои бемори 7 – 9 фоизи моеъоти организм талаф хохад ёфт (шакли вазнин); Дарачаи IV – талафи моеъот 9 фоизро ташкил мекунад (шакли бехад вазнин).
В. ногахон хуруч карда, шабона ё пагохи дар мариз хохиши беисти казои хочат пайдо мешавад. Шикам дард намекунад ва тоб намедихад. Начосат аввал мукаррари буда, якчоя бо кисмхои гизо меояд; сипас вай обакии зард ва минбаъд мисли чушоби биринч мешавад. Дар чунин холатхо начосат бебуй аст ё буи мохиро медихад.
Бемор дар як шаборуз аз 3 то 10 маротиба казои хочат мекунад, камиштихо ва ташна мешавад. Харорати бадан бисёр вакт муътадил аст. Набз тез, забон хушк буда, шикам кур-кур мекунад. Дар сурати сабук гузаштани бемори, исхол аз чанд соат то 1 – 2 шаборуз давом меёбад. Талафи моеъ 1 – 3 фоизи массаи баданро ташкил медихад (камобии дарачаи I). Хосиятхои физикавию химиявии хун бетагйир буда, мариз сихат мешавад.
Дар холатхои ру ба вазнини овардани бемори мариз зуд-зуд (дар як шаборуз 15 – 20 маротиба) ба казои хочат меравад; начосат обаки буда, ба чушоби биринч мемонад. Дил бехузур намешавад, аммо бемор бисёр кай мекунад; кай обаки ва зардча (бинобар омехта шудан ба талха) аст. Дар тули чанд соат талафи моеи организм ба 4 – 6 фоизи массаи бадан баробар мешавад (камобии дарачаи II). Вазъи умумии мариз бад ва у бехол мешавад, ташна мемонад, дахонаш мехушкад. Бинобар гипоксияи бофтахо, ихтилоли мубодилаи обу электролитхо ва инкишофи атсидоз дар баъзе маризон ихтилочи (рагкашии) муваккатии мушакхои соки пой, каф ва панчахо рух менамояд, пешоб кам мегардад. Харорати бадан, одатан, муътадил аст. Пусти мариз бетароват, халташакл ва кабуд мебошад; луобпардахо низ мехушканд, овоз мегирад.
Дар мавриди саривакт ва дуруст муолича кардан, кай ва исхол гум шуда, ихрочи пешоб ва унсурхои таркиби хун баркарор мегарданд, вазъи мариз ру ба бехбуди меорад.
Хангоми дар муолича таъхир кардан, дар тули чанд соат талафи моеъот ба 7 – 8 фоизи массаи бадан мерасад (камобии дарачаи III). Вазъи мариз хеле бад мешавад, нишонахои токсикози возех инкишоф меёбанд: тархи руй тегадор шуда, чашм фуру меравад, луобпардахову пуст мехушканд, пусти панчахо халта мезанад; фишори шараён якбора паст хохад шуд. Харорати бадан муътадил ё паст аст; дар холатхои вазнин шудани чараёни бемори талафи моеъ ба 10 фоизи массаи бадан мерасад (камобии дарачаи IV). Вазъи мариз ру ба табохи меорад: исхол ва кай, ки зуд-зуд рух менамуданд, кам ё батамом катъ мегарданд. Нуги бини, гуш, лаб ва пилки чашм бунафш ё пурра сиёх, чехра тег дода, атрофи чашм кабуд мешавад; гузаи чашмхо дар косахона мешинанд ва ба тарафи боло тоб мехуранд. Овози мариз хеле гирифта аст, харорати бадан то 35 – 34°С паст мефарояд. Пуст сард ва халтамонанд шуда, хангоми кабза кардан, мисли хамир то дер хамвор намегардад. Набз хеле суст аст, дамкутахи рух менамояд, нафаскаши берабт, сатхи (дар 1 дакика 40 – 60 маротиба) аст; бемор бинобар нафастанг шудан, бо дахони боз нафас мегирад. Шикам ба тахтапушт мешинад, дар мавриди ихтилочи мушакхо дард мекунад. Ин шакли В. аз чанд соат то чанд шаборуз давом меёбад. Дар мавриди саривакт табобат накардан, бемор аз хуш рафта буги мешавад. Холатхои фавт 60 фоизро ташкил медиханд.
В. баркосо низ мешавад. Он ногахон огоз ёфта, бисёр тезу туд чараён мегирад, организм оби хеле зиёд талаф медихад. В.-и баркосо хусусан барои кудакони то яксола хавфнок аст. Бинобар номукаммал будани механизмхои физиологии мутобикат дар кудакон зуд беобии талофинопазир ба вучуд меояд.
Анчоми В. хангоми саривакт ва дуруст муолича кардан нек аст. Вабои баркосо ва ба таъхир мондани табобат метавонад окибати нохуш ба бор орад.
Ташхиси В. дар давраи эпидемия чандон душвор нест. Онро хатто метавон факат дар асоси аломатхои болини (клиники) мукаррар бинмуд. Дар он махалхое, ки В. бори аввал ба кайд гирифта шудааст, хатман маълумоти бактериологи низ заруранд. Дар навохии вабозада беморон ва ашхосе, ки гирифтори амрози шадиди меъдаву руда мебошанд, бояд ошкор карда шаванд, коркунони тибби хавли ба хавли гарданд ва беморонро ба кайд гирифта, дар шифохона бистари гардонанд.
Васоите, ки барои табобати В. истифода мешаванд, мувозанати обу намаки организмро баркарор карда, захролудиро рафъ ва ангезаи бемориро махв менамоянд. Одамони бемориашон вазнинро, ки мухточи табобати бетаъхиранд, ба шуъбаи кабул набурда, зуд дар утоки обиштагари (регидрататсияви) чой медиханд. Онхоро хамон лахза духтур муоина мекунад. Дар тули 5 дакикаи аввал бояд набз, нафаскаши, фишори шараён, вазни бадани мариз, вазни хоси плазма, микдори ионхои К ва Na мукаррар карда шавад. Беморро дар кати махсуси «вабо», ки барои хорич шудани начосат сурохи дорад, чой медиханд. Дар зери кат сатили ченакдор гузошта мешавад (тавассути он микдори ихрочотро чен менамоянд). Сипас зуд аз паи баркарор сохтани обу намакхои талафдодаи организм мешаванд. Бо ин максад махлули стандартии N1-ро бо таркиби 5, 4, 1, ки 38 – 40° гарм карда шудааст, мефиристанд: ба 1000 мл оби табнаофар (апирогени) 5 г хлориди натрий, 4 г бикарбонати натрий ва 1 г хлориди калий илова менамоянд.
Микдори махлуле, ки ба организм мефиристанд, аз руи дарачаи талафи об муайян карда мешавад: махлули N1 дар мавриди вазнин будани бемори ба микдори 10 – 12 фоиз, хангоми вазнинии миёна 5 – 8 фоиз ва дар аснои сабук будани он ба микдори 3 – 4 фоизи вазни бадани мариз фиристода мешавад.
Аввал 2 л махлулро ба варид дар тули 30 дакика равон мекунанд; сипас суръати фиристодани махлулро тадричан кам карда, баъди 1,5 – 2 соат ба 5 – 10 мл дар як дакика мерасонанд.
Одатан пас аз 15 – 25 дакикаи истифодаи махлули намак набз ва фишори шараён ру ба бехбуди меорад. Баъди 30 – 45 дакика дамкутахи рафъ ва кабудии пуст (сианоз) кам шуда, забон тар мегардад, овоз пайдо ва набз баркарор мешавад. Минбаъд ба организм хамон микдор махлул фиристода хохад шуд, ки мариз талаф додааст. Дар мавриди зиёд шудани кай ва исхол микдори махлули табобатиро низ мувофикан меафзоянд. Шаборузи аввал бемор бояд ба хисоби миёна 10 – 15 л (гохо бештар) махлул кабул намояд. Микдори умумии махлуле, ки ба маризи калонсол дар муддати 3 – 5 рузи муолича дода мешавад, метавонад ба 30 – 100 л баробар бошад.
Бахри ба дигар махалхо пахн нагаштани В. манбаи онро зуд нест кардан лозим аст. Тадбирхое, ки бо ин максад андешида мешаванд, ба чорахои чилавгири аз дигар беморихои сироятии хавфнок монанд мебошанд: тартиб додани накшаи мубориза бо В., омода сохтани бинохо дар сурати ошкор шудани ин бемори, тайёр кардани коркунони тибби, хар мох ба кайд гирифтани амрози шадиди руда, назорати мунтазами бехдошти махал ва г.
С-хои 90-уми а. 20 ва миёнаи солхои 2000-ум дар баъзе нохияхои Точикистон ходисахои ба В. гирифтор шудани одамон чой доштанд. Дар як муддати кутох садхо нафар одамон мариз гаштанд. Вале бинобар андешидани тадбирхои саривакти пеши рохи эпидемия боздошта шуд.
Хангоми ба кайд гирифтани вабо махалро мамнуъ (карантин) эълон карда, рафтуомади одамонро манъ менамоянд. Беморон ва ашхоси ба бемории В. гумонбар зуд дар бемористон бистари ва чои икомати онхо гандзудои (дизинфексия) карда мешавад. Хомилони вибрион ва одамони бо онхо алокадоштаро низ дар чои алохида бистари мекунанд, махалли сукунат ва чизу чораашонро безарар мегардонанд.
Беморони шифоёфта баъди 3 маротиба натичаи манфи додани тахкики (кишти) начосат чавоб дода хоханд шуд. Онхо ва хамчунин ашхосе, ки бо маризон алока доштанд, тули як сол зери назорати диспансери карор мегиранд.
Ад.: Руднев Г.П., Клиника карантинных инфекций, М., 1972; Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней, М., 1994; Камардинов Х.К., Ахмедов А.А., Холера Эль-Тор. Клиника, лечение, диагностика, диспансеризация переболевших и санация вибрионосителей, Д., 1994.

Х. К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …