Главная / Ҷамъият / ТАЯММУМ – чист?

ТАЯММУМ – чист?

Савол: Таяммум чист?. Посух: Таямум ин рўй ва дастонро бо хоки пок молидан аст.

Таяммум кардан чӣ гуна аст:

tayamum-182x300Дар дили худ гўяд: «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим. Ният кардам пок гардам бо адо намудани таяммум». Ангуштони панҷаи дастонро кушода бо шиддат кафи дастонро ба замини пок гузорад ва нахуст онҳоро ба пеш – аз худ, сипас ба ақиб – ба сўи худ такон диҳад. Он гоҳ кафи дастон ба рўи худ бимолад. Бори дуюм дастонро бар замин зада дастонро ба ҳар ду оринҷ бимолад.

 Тартиби таяммум намудан барои мардону занон якзайл аст.

 Фарзҳои таяммум:

  • Ният кардан: «Ният кардам таяммум намоям барои касби вузў (ё барои касби ғусл ва ё барои хондани намоз)». 
  • Ду бор задан: Кафи дастонро ба хоки пок зада онҳоро ба рўй молидан, сипас такроран онҳоро зада бо онҳо дастонро то оринҷ молидан.

 Суннатҳои таяммум:

    1. Бо суханони «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» оғоз кардан.
    2. Панҷаи дастонро бо ангуштони кушода ба замин ниҳодан.
    3. Кафи дастонро дар замин нахуст ба пеш – аз худ,сипас ба ақиб – ба сўи худ такон диҳад.
    4. Паёпай ва бефосила анҷом додани корҳоро риоя на-мояд.

Сабабҳои таяммум кардани шахс:

Ҳар шахс мумкин аст бо сабабҳои зерин ба ҷои вузў ва ғусл таяммум кунад:

  1. Бештар аз як мил (тақрибан 3 032 м) дур будани ман-баи об,
  2. Бемор будан.
  3. Мавсими сардӣ.
  4. Хатар аз ҷониби душман.
  5. Миқдори маҳдуди об дар ҳолати набудани манбаи пурра кардани он.

Ҳангоми таяммум кардан ангуштарӣ (чалла) ва дастбанд-ҳоро гирифтан ё онҳоро пасу пеш ҳаракат додан зарур аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …