Главная / Теги: Тиб (страница 60)

Теги: Тиб

ИБНИ САРОБИЮН

nophoto

ИБНИ САРОБИЮН, Яҳё ибни Саробиюн, яке аз табибони маъруфи суриёнизабони Шом. Нимаи дуввуми а. 9 дар Димишқ зиндагӣ ва фаъолият доштааст. ӯ ба забони суриёнӣ ду «Куннош» (маҷмуаи тиббӣ) таълиф кардааст, ки яке аз 12 ва дигарӣ аз 7 китоб иборат аст. «Куннош»-и хурдро гурӯҳи мутарҷимон с. 930 ба арабӣ …

Муфассал »

ИБНИ СИНО

ibni-sino

ИБНИ СИНО (16. 8. 980, деҳаи Афшанаи Бухоро – 18. 6. 1037, Ҳамадон), Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино; қисми ахири ном – Ибни Сино дар Аврупо ба гунаи «Авенсина» таҳриф шуда, ба «Авитсенна» табдил ёфт файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик. Падараш Абдуллоҳ аслан …

Муфассал »

ИБНИ СОЪОТӣ

nophoto

ИБНИ СОЪОТӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1230), Фахриддин Ризвон ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Хуросонии Соъотӣ, яке аз табибони маъруф ва дӯстдорони мероси тиббии Ибни Сино. Хонадони И. С. аслан аз Хуросон буда, худаш дар Димишқ таваллуд ёфтааст ва дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китобҳои зерин …

Муфассал »

ИБНИ ТИЛМИЗ

ИБНИ ТИЛМИЗ (ваф. 1165), Аминуддавла Абулҳасан Ҳибатуллоҳ ибни Абилъало Ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Тилмиз табиби хоси халифаи аббосӣ Ал-Муқтафӣ. Яке аз пизишкони мумтози замон буда, сарпарастии Бемористони аздиро бар ӯҳда дошт. ӯ раиси кулли табибони Бағдод буд. Ба Эрон сафар карда, дар он ҷо забони форсиро низ омӯхтааст. Дар тиб …

Муфассал »

ИБНИ ҲАЙСАМ

ИБНИ ҲАЙСАМ (965, Басра – 1039, Қоҳира), Абӯалӣ Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ, олими энсиклопедист. Дар Аврупо бо номи Алхатсен машҳур мебошад. Чанд муддат дар зодгоҳаш ш. Басра вазифаи вазириро иҷро кардааст. Баъдтар ҳаёти худро комилан ба илм бахшид. И. Ҳ. дар соҳаи офталмология хизматҳои арзанда дорад. Аввалин маротиба дар таърихи …

Муфассал »

ИБНИ ҲИНДУ

nophoto

ИБНИ ҲИНДУ (с. тав. номаълум – ваф. 1029), Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайн ибни Ҳиндуи Бағдодӣ табиб, адиб, ҳаким, котиб ва шоир. Дар улуми авоил иттилооти бисёр доштааст. И. Ҳ.-ро бархе аз муҳаққиқон аз аҳли Рай донистаанд. Соҳиби «Таърихи Табаристон» гуфтааст, ки агарчи аҷдоди ӯ қумӣ будаанд, аммо мавлид ва маншаи …

Муфассал »

ИБНИ ҶАЗЛАИ БАҒДОДӣ

nophoto

ИБНИ ҶАЗЛАИ БАҒДОДӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1100), Абӯалӣ Яҳё ибни Исо ибни Ҷазлаи Бағдодӣ табиби маъруфи а. 11. Дар замони ҳукумронии халифаи аббосӣ Ал-Муқтадӣ (1074 – 1094) дар Бағдод зиндагӣ ва фаъолият карда, бисёре аз китобҳояшро ба исми ин халифа таълиф кардааст. И. дар ибтидо масеҳӣ буд, сипас …

Муфассал »

ИБОДОВ Ҳабибулло

nophoto

ИБОДОВ Ҳабибулло (тав. 01. 10. 1949, ноҳ. Балҷувон), ҷарроҳи кӯдакон, доктори илми тиб (2004), проф. (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1978). Ҷарроҳи кӯдакон, мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ ва муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи ноҳ. Восеъ (1978 – 94), ассистенти кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби …

Муфассал »

ИБРАГИМОВ Юрий Инокентевич

nophoto

ИБРАГИМОВ Юрий Инокентевич (тав. 01. 06. 1939, ш. Тошкент), доктори илми тиб (1990), Аълочии тандурустии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964). Духтури ҷарроҳ – онкологи Беморхонаи ноҳ. Ленин (ҳоло Рӯдакӣ; 1964 – 66), ҷарроҳи Диспансери онкологии ҷумҳуриявӣ (1966 – 67), аспиранти кафедраи физиологияи эътилолӣ (1967 …

Муфассал »

ИБРОҲИМ ИБНИ СИНОН

nophoto

ИБРОҲИМ ИБНИ СИНОН (909 – 946), Абӯисҳоқ ибни Синон ибни Собит ибни Қурраи Ҳарронии Собӣ, табиб. Дар хусуси аҳволи зиндагии И. маълумоти кофӣ нест. Бино ба ахбори сарчашмаҳо дар Бағдод таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо улуми замонаашро омӯхтааст. Падараш Синон ибни Собит ва бобояш Собит ибни Қурра аз ҷумлаи табибони …

Муфассал »