Главная / Илм / ИБНИ СИНО

ИБНИ СИНО

ibni-sinoИБНИ СИНО (16. 8. 980, деҳаи Афшанаи Бухоро – 18. 6. 1037, Ҳамадон), Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино; қисми ахири ном – Ибни Сино дар Аврупо ба гунаи «Авенсина» таҳриф шуда, ба «Авитсенна» табдил ёфт файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби бузурги тоҷик. Падараш Абдуллоҳ аслан аз Балх буда, дар замони салтанати Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба деҳаи Хармайсан (Рометан)-и Бухоро меояд ва ба кори девон машғул мегардад. Модараш Ситорабону аз сокинони Афшана аст. С. 985 оилаи И. С. аз Хармайсан ба ш. Бухоро кӯчид ва ӯ дар ин ҷо ба омӯзиши илм оғоз намуд.
И. С. кӯдаки боҳуш будааст, чунон ки дар даҳсолагӣ Қуръонро фаро гирифтааст, аз илми адаб ва усули дин баҳраи кофӣ бурдааст. Муқаддамоти улумро аз мубаллиғони мазҳаби исмоилӣ, ки меҳмони падараш буданд, аз худ кардааст. Гӯянд, ки И. С. дар ҳамин айём илми ҳисобро аз баққоле дар Бухоро омӯхта, фанҳои дигари риёзиро назди Маҳмуди Моҷ ёд гирифтааст, дар назди Исмоили Зоҳид фиқҳ хондааст. Сипас ҳангоме, ки Абӯабдулло Нотилӣ ба Бухоро омадааст, И. С. дар пеши ӯ ба омӯзиши мантиқ, ҳандаса ва нуҷум пардохтааст. И. С. ҳамчунин аз мутолиаи китобҳои мантиқу фалсафа ғофил набудааст. Пас аз чирагӣ бар мантиқ, тибииёт ва риёзиёт ба илоҳиёт рӯй овард ва ба хондани китобҳои метафизикии Арасту пардохт. Аммо баъд аз чиҳил бор хондан мақсуди ӯро нафаҳмид, то ин ки китобе аз Абӯнасри Форобӣ ба дасти ӯ расид. Мутолиаи «Иғрози мобъад-ут-табиъиа»-и Форобӣ гиреҳҳоро бар ӯ кушод ва фаҳми китоби Арастуро бар вай осон кард.
И. С. ҳамчунин дар 16-солагӣ ба тиб рӯй овард ва онро аз Абӯмансур Ҳасан ибни Нӯҳ фаро гирифт. Дар ин ҷода чунон маҳорате касб кард, ки пизишкони дигар дар назди вай шогирдӣ мекарданд. И. С. дар ҳудуди синни 17 Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз беморие, ки гиребонашро гирифта буд ва ба шиддат озораш медод, наҷот бахшид. Муолиҷаи Нӯҳ ибни Мансур шӯҳрати ӯро сабаб шуд ва арҷу қурбашро дар назди подшоҳи Сомонӣ афзун кард. Наздикии И. С. ба Нӯҳ ибни Мансур ва эътиборе, ки дар дарбори ӯ дошт, боис шуд, ки иҷозаи истифода аз китобхонаи маъруфи Сомониёнро ба даст оварад. Аз он ҷое, ки И. С. аз ҳушу қувваи омӯзиши фавқулоддае баҳраманд буд, дар замони кӯтоҳ ҳамаи улуми замони худро фаро гирифт ва дар 18-солагӣ аз омӯхтани улум фориғ шуд.
И. С. дар 21-солагӣ ба навиштан ва таълифи китоб шурӯъ кард. Дар ҳамин замон китобхонаи Сомониён оташ гирифт ва И. С. муттаҳам шуд, ки барқасд китобхонаро сӯзондааст. Касоне ки ин иттиҳомро бар И. С. ворид мекарданд, далел меоварданд, ки вай китобхонаро нобуд сохтааст то дигарон дасташон аз улуми замон кӯтоҳ шавад ва ба нуктаҳо ва донише, ки дар китобҳо нуҳуфта буд, пай набаранд.
И. С. 22-сола буд, ки падараш аз дунё рафт. Пас аз инқирози силсилаи Сомониён Илакхон – Наср ибни Алӣ вориди Бухоро шуд. Илакхон аз ҳанафиёни Бухоро пуштибонӣ мекард ва И. С. эҳтимолан пайрави афкори шуъубия ва мухолифи истилои туркон буд ва созгорӣ бо Илакхони туркро муассир ва писандида намедидааст. И. С. пас аз ҳиҷрат аз Бухоро зиндагии пурталотум ва пурфарозу шеберо пушти сар гузошт. Аз ин пас, қисмате аз зиндагии вай сарфи лаззатҷӯӣ ва қисмати дигар сарфи дарсу баҳс ва таълифу корҳои илмӣ шуд. Пас аз азимат аз Бухоро, нахуст ба Гурганҷ рафт, ки дар он замон пойтахти Хоразмшоҳиён буд ва мардуми донишдӯст дошт. Дар Гурганҷ ба ҳалқаи ҳакимону донишмандон ва пизишкон пайваст ва моҳонае барои ӯ муқаррар шуд.
Дар с. 408 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро тасхир кард ва дастур дод иддае аз донишмандон, аз ҷумла И. С.-ро ба Ғазнӣ назди ӯ бифристанд. И. С. қабл аз он ки маъмурони Султон Маҳмуд ба Хоразм бирасанд, бохабар шуд ва чун аз рафтан ба пеши Султон Маҳмуд бимнок буд, роҳи Гургону Райро пеш гирифт. ӯ бо сахтию душворӣ худро аз роҳи Нисо ба Абевард расонд, сипас ба Тӯсу Самангон ва Ҷоҷарм рафт ва маъмурони Султон Маҳмудро пайваста дар таъқиби худ медид. И. С. дар Ҷоҷарм низ намонд, оҳанги Гургон карда дар он ҷо муқим шуд ва ба табобат пардохт. Гургон дар он замон пойтахти подшоҳони Оли Зиёр буд. И. С. ба Оли Зиёр ба муровида пардохт ва китобе барои Заррингес, духтари Қобус навишт. Дар Гургон донишманди маъруф Абӯубайдулло Абдулвоҳид Ҷузҷонӣ, ки машҳуртарин шогирди И. С. аст, ба хидмати ӯ пайваст ва аз он пас ҳамвора бо эшон буд ва бисёре аз осори вайро пас аз маргаш ҷамъоварӣ ва тадвин кард.
Абӯмуҳаммади Шерозӣ дар Гургон хонае барои И. С. харид, ки дар он тадрис мекард. ӯ дар Гургон ба кори табобат машғул буд ва баъзе аз таълифоташро низ дар он ҷо навишт. Сипас ба шаҳри Рай омад ва Маҷдуддавла Абӯтолиб Рустам – писари Фахруддавлаи Дайламиро, ки аз подшоҳони Оли Бӯя буд ва бемории молихулиё дошт, муолиҷа кард. И. С. ҳамчунон дар Рай буд, то ин ки Ҳилол ибни Бадр кушта шуд ва лашкари Бағдод дарҳам шикаст ва ӯ оҳанги хидмати Шамсуддавла кард. Шамсуддавларо дарди миён расида буд, ки бо табобати И. С. муолиҷа шуд ва ба воситаи ҳамин мудово арҷу қурбаш дар назди шоҳ афзуд ва аз ақрабону надимони вай гардид.
Шамсуддавла И. С.-ро ба вазорат баргузид, вале пас аз муддати кӯтоҳ сипоҳиёни турку курд дар натиҷаи нарасидани моҳонаи худ ӯро масъул ва мусаббиб донистанд ва дороиашро ба тороҷ бурданд. Шамсуддавла низ барои фурӯ нишондани хашму ғазаби сипоҳиён ва хобондани кина дастури дур кардани вайро содир намуд. И. С. чиҳил рӯз дар хонаи яке аз дӯстонаш пинҳон шуд. Шамсуддавла дубора гирифтори дарди миён шуд ва И. С.-ро ба мудово хост ва бори дигар ӯро ба вазорат мансуб кард. Пас аз даргузашти Шамсуддавла писараш Самоуддавла ҷои ӯро гирифт ва И. С.-ро аз мансаб дур намуд.
И. С. ба хонаи дӯсташ Абӯтолиби Аттор рафт ва дар он ҷо гӯшаи узлат гузид. Дар ҳимоят бо Ибни Кокӯя – амири машҳури Исфаҳон, Ҳамадон ва Язд, ки марди донишманде буд, мукотиба кард. Самоуддавла чун аз мукотибаи пинҳонии И. С. огоҳ шуд, хашм гирифта ба зиндонаш афканд. Пас аз чаҳор моҳи ҳабс ӯро бахшид. И. С. раҳсипори Ҳамадон шуд ва гӯшаи узлату хилват гузида ба таълиф рӯй овард.
И. С. пас аз чанде дар либоси дарвешон ҳамроҳи бародараш Маҳмуд ва шогирди вафодораш Абӯубайди Ҷузҷонӣ ба Исфаҳон назди Алоуддавла рафт ва аз вай бисёр ҳурмат дид. Замоне, ки И. С. дар Исфаҳон ба сар мебурд, давраи нисбатан пурсамари эҷоди ӯ аст. Дар ин ҷо таълифи китобҳои «Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб»-ро анҷом дода, «Донишнома»-ро ба забони модарии худ – тоҷикӣ навишт. И. С. ба тоҷикӣ рубоиҳои дилнишин низ гуфтааст. Ба илми нуҷум биёр машғул мешуд, афзорҳои нуҷумӣ ихтироъ мекард, ба сохтмони расадхона оғоз намуд. Алоуддавла оҳанги Ҳамадон кард, И. С. низ ҳарчанд аз бемории дарди миён дар ранҷу заҳмат буд, ҳамроҳи ӯ ба Ҳамадон рафт. Дар он ҷо бемориаш рӯз ба рӯз сахттар шуд ва арсаро бар ӯ тангтар кард, то ин ки дар рамазони с. 1037 сар ба болини марг гузошт ва дунёро видоъ намуд. Пайкарашро дар ҷануби Ҳамадон, ки акнун бинои ёдбуде бар он барпост, ба хок супурданд. Гӯё И. С. дар замони марг 58-сола будааст.
Дар тиб мақоми И. С. ошкортар аз он аст, ки бо баёне ҳоҷат дошта бошад. Осори ӯро садсолаҳо дар Осиё ва Аврупо беҳтарин роҳнамои пизишкон донистаанд. Китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб» муҳимтарин асари И. С. дар пизишкӣ аст. Онро Герард Кремонский (1114 – 1187) ба забони лотинӣ тарҷума кард, сипас ба забонҳои гуногуни аврупоӣ баргардонида шуд. Вақте ки дастгоҳи чопи китоб ихтироъ гардид, «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар қатори нахустин китобҳои чопӣ қарор гирифт ва аз рӯи теъдоди нашр бо Библия рақобат мекард. Матни лотинии «Ал-Қонун фи-т-тиб» с. 1473 ба табъ расид, матни арабии он дар Рим дар матбааи Медичи с. 1593 аз чоп баромад. Танҳо дар 30 соли ахири а. 15 «Ал-Қонун фи-т-тиб» 16 маротиба ба лотинӣ нашр гашта, он ҳамагӣ 40 маротиба пурра ва ба миқдори бешумор порча – порча чоп шудааст. Дар тамоми донишгоҳҳои Аврупо, мас. дар Монпеле ва Лувен, то нимаи дуюми а. 17 «Ал-Қонун фи-т-тиб» дастури асосие буд, ки аз рӯи он таълими тиб сурат мегирифт. Дар энсиклопедияҳои русӣ, ба ном «азбуковникҳо»-и а. 17 И. С. дар баробари Ҷолинус, Плиний, Алберти Бузург мавриди истинод қарор дошт. Садҳо сол пизишкони тамоми кишварҳо аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб» илми тибро меомӯхтанд, аз он ҳамчун сарчашмаи бепоёни дониш истифода мебурданд. «Ал-Қонун фи-т-тиб» фаҳмиши моҳияти беморӣ, тандурустӣ, ҳунари пизишкӣ, ошкор, дармон ва пешгирӣ кардани дард, муносибат кардан бо беморро меомӯзонд.
Дар оғози китоб таърифи бисёр аниқи илми тиб оварда шудааст, ки он ба тасаввуроти имрӯза басе наздик аст: «Тиб илмест дар бораи донистани тани инсон дар ҳоли саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатии инсон, ки рӯ ба заъф овардааст. Вақте мегӯянд, ки тиб аз назария ва амалия иборат аст, бояд гумон кард, ки бахше аз он илм асту бахше амал (чунонки баъзе муҳаққиқони ин масъала пиндоштаанд). Баръакс, бидон, ки маънии ин дигар аст, яъне ҳарду бахши тиб илм аст: яке илми усули тиб, дигаре – илми тарзи табобат». И. С. дар асоси ҳамин таъбири илми тиб тарзҳои нигоҳ доштани тандурустӣ ва табобати бемориҳои гуногунро баён кардааст. Бисёр фикру мулоҳизаҳо ва маслиҳатҳои ӯ доир ба ин масъалаҳо (мас., реҷаи зиндагӣ ва хӯрок, парҳез, аҳамияти варзиш дар нигоҳ доштани саломатӣ ва ғ.) ҳанӯз ҳам арзиши илмӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. Хизмати бузурги И. С. дар соҳаи илми тиб аз кӯшиши бунёд кардани аломатшиносӣ (семиотика), ташхис (диагностика) ва назарияи илмии табобат иборат буд. Дар ин соҳа ва дигар қисматҳои илми тиб ӯ кашфиёт ва ихтирооти зиёде кардааст. Мас., ҳамчун мушарреҳ И. С. аввалин табибест, ки сохти дурусти чашмро тасвир намудааст. То замони ӯ чунин ақида ҳукмрон буд, ки узви асосии чашм зуҷоҷия аст. Аз чашм нуре бархоста ашёро равшан мекунад ва сурати онҳоро пайдо менамояд. И. С. исбот кард, ки узви асосии чашм шабакия аст ва маҳз дар он сурати чизҳо пайдо мешаванд. И. С. чун мушаххис (диагностик) фарқи байни вабо ва тоун, ҷузом (махав) ва доъулфил, зотулҷанб (варами пардаи шуш) ва зотурриё (варами шуш)-ро муқаррар кард, бемории сироятӣ будани нағзакро пай бурд, варами меъдаро басо равшан тавсиф кард, сарсомро ҳамчун бемории махсус – варами пардаи мағзи сар муайян намуд, аломатҳои бемории қанд (диабет)-ро аввалин бор дар таърихи тиб возеҳ баён кард ва ангуштзанӣ (перкусия)-ро чун усули дардшиносӣ ҷорӣ намуд.
И. С. дар соҳаи илми ҷарроҳӣ низ ихтироъҳои зиёде ба миён овард. Чунончи вай тарзи бевосита ба ҷояш андохтани бозуи баромадаро пешниҳод кардааст, ки дар таърихи тиб бо номи усули И. С. машҳур аст. Тарзи ҷарроҳии саратон, ки дар «Ал-Қонун фи-т-тиб» тасвир шудааст, ба усулҳои табобати ҳозираи ин беморӣ хеле наздик аст: «Баъзан варами начандон калони саратонро бурида партофтан мумкин аст. Саратонро метавон танҳо бо роҳи пурра ва комилан буридани он нест кард: саратонеро, ки бофтаҳои узверо фаро гирифтааст, мебуранд ва ҳама рагҳоеро, ки онро ғизо медиҳанд, берун меоранд, то ягонтояш боқӣ намонад… Вале қатъи саратон аксаран боиси бадтар шудани ҳоли бемор мешавад. Гоҳо баъди қатъ доғ кардан ҳам зарур мешавад, вале доғ кардан аксаран хеле хатарнок аст, хусусан, агар саратон дар назди узвҳои асосӣ (мағзи сар, дил, ҷигар) ҷой гирифта бошад».
И. С. чун муолиҷ (терапевт) усулҳои набзшиносӣ, бавлшиносӣ, табшиносӣ ва ғ.-ро такмил дода, аломатҳои болинии чандин бемориҳои дарунӣ, асабӣ, рӯҳиро аниқу сареҳ баён кард, дармони онҳоро бештар аз рӯи таҷрибаҳои худ таъин намуд.
Дар соҳаи вабошиносӣ (эпидемиология) вай дар хусуси дар муҳити беруна (об, хок, ҳаво ва ғ.) вуҷуд доштани мавҷудоти ба чашми оддӣ ноаёни касалиовар (яъне микробҳо) фарзияе пешниҳод намуд ва ғояи сироят кардани бисёр бемориҳоро равшан ифода намуд. Ин фарзияҳои И. С.-ро пас аз ҳаштсад сол таҷрибаҳои Л. Пастер, ки мавҷудияти микробҳоро кашф намуд, тасдиқ карданд. Хизматҳои И. С. дар илмҳои дорушиносӣ (фармакология), дорусозӣ (фарматсия), муайян кардани хосияти давоҷот (фармакогнозия) низ кам нестанд. Дар «Ал-Қонун-фи-т-тиб» 811 навъи доруҳои гуногун тавсиф шудааст, ки 70 номгӯи онҳо ҳоло ҳам дар амалияи тиб истифода мешавад. И. С. аввалин бор дар таърихи тиб доир ба давоҳои дарди дил бо номи «Адвияту-л-қалбия» китоби махсус таълиф кард, ки дар он тавсифи 70 номгӯи доруҳо оварда шудааст. Даҳ номгӯи ин доруҳоро худи ӯ ихтироъ карда, дар тиб ҷорӣ кардааст.
Дар баробари ин бисёр дастурҳои методологии И. С. ҳам то ба ҳол арзиши худро гум накардаанд. Ғояҳои табобати фардии беморон, дақиқкорона санҷидану тафтиш кардани доруҳо ва ба таври фардӣ таъин кардани онҳо (зеро ҳар бемор табиати хос дорад), робитаи мутақобилаи бемории узвҳои ҷудогонаи бадани инсон ва ҳолати физиологии тамоми организм, ҳангоми ҷарроҳӣ ба ҳисоб гирифтани авзои бемор, кайфият ва ҳолати рӯҳию ҷисмонии вай аз ҳамин қабиланд. Ҳамаи ин далели он аст, ки И. С. олими бузурги эҷодкор буд ва касоне, ки ӯро шореҳи хушку холии Буқрот (Гиппократ) ва Ҷолинус (Гален) тасвир кардаанд, ба хато роҳ доданд.
И. С. дар «Урҷуза фи-т-тиб» хулосае аз «Ал-Қонун фи-т-тиб»-ро дар 1326 байт овардааст. «Мақолату фи аҳкоми-л-адвияти-л-қалбия» дар ду бахш танзим шудааст: бахши аввал ба физиология, вазоифу бемориҳои дил ихтисос дорад; дар бахши дуввум доруҳое, ки барои танзими фаъолияти дил судманданд, ба тартиби ҳуруфи алифбо оварда шудаанд. Рисолаҳои «Маърифату-т-танаффус ва-н-набз», «Ал-Қулинҷ», «Ал-Қуввоту-табиия» низ аз осори пизишкии И. С. мебошанд.
Китобҳои маъруфи пизишкии И. С. наздик ба чорсад сол ягона роҳнамои пизишкони Шарқу Ғарб будааст. И. С. ҳудуди чиҳил сол бо ҳамаи машоғили бисёр, ки аз табобат ва дарсу баҳси сафар дошт, ҳамвора таълиф кардааст. Ва инак 456 китобу рисола ба номи ӯ мансуб аст, ки бисёре аз онҳо чоп шуда ва шарҳҳои гуногун бар онҳо навиштаанд.
Аз И. С. осори тоҷикии бисёр мӯътабаре дар даст аст. Онҳо собит мекунанд, ин марди бузург, ки дар радифи донишмандони машҳури ҷаҳон қарор дорад ва паҳлӯ ба паҳлӯи Арасту, Афлотун, Суқрот ва Ҷолинус мезанад, ба ҳамон дараҷа, ки дар забони арабӣ анҷоми қудратро дошта, ба ҳамон дараҷа низ дар забоне, ки аз модари худ фаро гирифтааст, устод буд, гоҳе ба назм ва гоҳе ба наср адои мақсуд мекард, замоне мустақиман ба забони форсӣ китоб менавишт ва замоне низ яке аз китобҳо ва расоилеро, ки пеш аз он ба арабӣ таълиф карда буд, худ ба форсӣ тарҷума мекард.
Бо даъвати Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ с. 1952 ҳазорсолагии зодрӯзи И. С. дар тамоми кишварҳои олам аз рӯи гоҳшумории исломӣ таҷлил гардид. Мақбараи И. С. дар ш. Ҳамадон аз нав бунёд ёфт, конгрессҳои байналмилалии бахшида ба И. С. дар Бағдод (1952) ва Теҳрон (1954) баргузор гардиданд; даври 20-уми Конференсияи умумии ЮНЕСКО (1980) ба ҳазораи зодрӯзи И. С. аз рӯи гоҳшумории григорӣ бахшида шуд. Дар ш. Душанбе ба хотири бузургдошти нобиға ноҳия (Сино), майдон ва хиёбон, Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техника, Китобхонаи илмии тиббии ҶТ, 2 рӯзнома («Сино» ва «Авитсенна») ба номи ӯ ниҳода шудаанд. Дар майдони ба номи И. С. ҳайкали ин ҳакими фарзона қомат афрохтааст. Пули арзишаш 20 сомонии Бонки Миллии Тоҷикистонро тасвири И. С. зинат медиҳад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ номи И. С.-ро дорад (1952).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …