ИБНИ СОЪОТӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1230), Фахриддин Ризвон ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Рустами Хуросонии Соъотӣ, яке аз табибони маъруф ва дӯстдорони мероси тиббии Ибни Сино. Хонадони И. С. аслан аз Хуросон буда, худаш дар Димишқ таваллуд ёфтааст ва дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Такмилу «Китоби-л-қуланҷ» ли Ибни Сино» (Такмили «Китоби қуланҷ»-и Ибни Сино), «Мухтасару-л-Қонун ли Ибни Сино фӣ-т-тиб», «Китобу-л-мухтороти мина-л-ашъор» (Китоби мунтахаби ашъор).
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …