Главная / Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ (страница 6)

Теги: Гулистони Саъдии Шерозӣ

Дўсти корҳое кунад, ки ҳеҷ душман натавонад!

i150_articleimage_23644

Душман чу аз ҳама хилате фурў монад, силсилаи дўстӣ биҷунбонад, пас он гаҳ ба дўсти корҳое кунад, ки ҳеҷ душман натавонад! Сари мор ба дасти душман бикўб, ки аз иҳдо-л-ҳасанайн (яке аз ду ҳасанот) холӣ набошад: агар ин ғолиб омад, мор куштӣ в-агар он аз душман растӣ. Ба рўзи маърака …

Муфассал »

Душманони якзабона

unnamed

Чу бинӣ, ки дар сипоҳи душман тафриқа афтодааст, ту ҷамъ бош. Вагар ҷамъ шаванд, аз парешони андеша кун. Бирав, бо дўстон осуда биншин, Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг. Вагар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд, Камонро зеҳ куну бар бора бар санг!

Муфассал »

Бадхўй кист?

zlye

Бадхўй дар дасти душмане гирифтор аст, ки ҳар куҷо равад, аз чанги уқубати ў халосӣ наёбад. Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхўй, Зи дасти хўи бади хеш дар бало бошад. Бадхўй нафари гизалла ё худ золим аст.

Муфассал »

Душмани асосии Дин кист?

Ду кас душмани мулку динанд: подшоҳи беҳилму зоҳиди беилм! Бар сари мулк мабод он малик фармондеҳ, Ки худро набувад бандаи фармонбардор Туро бо чунин гармию саркашӣ. Напиндорам, аз хокӣ, аз оташӣ?! Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде, Гуфтам: «Маро ба тарбият аз ҷаҳл пок кун!» Гуфто: «Бирав, чу хок таҳаммул …

Муфассал »

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост

pair-707505_1920

Насиҳат аз душман пазируфтан хатост, валекин шунидан равост, то ба хилофи он кор кунӣ, ки айни савоб аст: Ҳазар кун, з-он чи душман гўяд: «Он кун!» Ки бар зону занӣ дасти тағобун. Гарат роҳе намояд рост чун тир, Аз ў баргарду роҳи дасти чап гир!

Муфассал »

Душман чу бинӣ нотавон, лоф аз бурути худ мазан

burut

Бар аҷзи душман раҳмат макун, ки агар қодир шавад, бар ту набахшояд. Душман чу бинӣ нотавон, лоф аз бурути худ мазан, Мағзест дар ҳар устухонам, мардест дар ҳар пираҳан.

Муфассал »

Панди тиллоӣ

chiro-donist

Чун дар имзои коре мутараддид бошӣ, он тараф ихтиёр кун, ки беозортар барояд. Бо мардуми саҳлхўй душхор магўй, Бо ин кӣ дари сулҳ занад, ҷанг маҷўй! То кор ба зар бармеояд, ҷон дар хатар афкандан нашояд! Чу даст аз ҳама хилате даргусаст, Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст.

Муфассал »

Душмане заиф кист ва чӣ хоҳад?

c91abd7939891078af_600x399

Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дўсти намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад ва гуфтаанд: бар дўстии дўстон эътимод нест, то ба тамаллуқи душманон чӣ расад. Ва ҳар кӣ душмани кўчакро ҳақир медорад, бад-он монад, ки оташи андакро мўхмал мегузорад! Имрўз бикуш, чу метавон кушт, …

Муфассал »