Главная / Маданият ва санъат / Шеър дар бораи Модар

Шеър дар бораи Модар

modarМОДАРИ МАН

Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гоҳвора баста буданд.
Сари гаҳвораам биншаста ёрон,
Бароям номи нек ҷуста буданд.
Ду дасту пойи ман маҳкам бубастанд,
Ки донам қадри дасту пойи озод.
Дилам мисли асир озодӣ ҷӯяд,
Биҷӯяд дар ҷаҳон паҳнои обод.

Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки аз баҳри халосӣ ёбам имкон,
Ки то дар ҷунбиши гаҳвораи хеш
Барои худ шавам тақдирҷунбон.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки қадри хонаободӣ бидонам.
Кушоям худ гиреҳ аз мушкили худ,
Зи хурдӣ қадри озодӣ бидонам.
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ (29.1.1986)


СИПОСНОМА БА МОДАР

Модарам, эй модари ҷонпарварам,
Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!
Кӯдакам ман дар нигоҳат то ҳанӯз,
Мегузорӣ дасти шавқат бар сарам.

Дӯст медорам туро, то зиндаам,
Бо ҳавасҳои зиёдам зодаӣ.
Ту бароям номи Зебо мондаӣ,
Ту ба ман зебоии худ додаӣ

Раҳнамову раҳкушои ман туӣ
Дар раҳи дури умед эй модарам.
Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед,
То шавад бахтам сафед, эй модарам.

Мепарастам ман туро, то зиндаам,
Аз ту мепурсам дуои зиндагӣ.
Модарам, бодо нигаҳбонат худо,
Зинда бошӣ аз барои зиндагӣ!
Муаллиф: Хатлонӣ 

НАСИҲАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!
Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,
Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».
Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  (1960)

ФАХРИ МОДАР

Аё модар – табиат, гар зи ман месохтӣ кӯҳе,
Паёпай ашкҳоям мисли дарё паст мерафтанд.
Ва  армони дилам як порасанги сард мегардид,
Тамоми орзуҳо барабас аз даст мерафтанд.

Агар месохтӣ аз ман гиёҳистони атрогин,
Дареғо, мешудам рӯзе хазону зард мегаштам.
Маро месохти саҳро, вуҷудам аз шарар месӯхт,
Чу вулқон дарди ман месӯхт, ман бедард мегаштам.

Агар месохтӣ сайёра, дар бурҷи фалак аз ман,
Маро мемондӣ андар кунҷи узлат бо сари танҳо,
Яқин донам, ки метаркидам аз танҳоиям рӯзе,
Ба ту, модар – табиат, мешудам ман офате он гоҳ.

Ба фарқат лаҳза-лахза боду бӯрон аз дилам мерехт,
Агар месохтӣ баҳри пур аз ошӯб ту аз ман.
Ва ё абре маро месохтӣ дар олами гардун,
Панаҳ андар канорам менамудам меҳри нурафкан.

Ҳазорон шукр, аз ман сохтӣ инсони соҳибдил,
Ба руям аз саодат, аз шарофат нур мепоши.
Ҳамефахрам, ки ман рӯзе тамоми дардҳоятро
Даво созам, ки то дар хизмати ман раҳнамо бошӣ.
Муаллиф: Ӯлмас Ҷамол

АЛЛАИ МОДАР

Хоб рав, нури ду чашмон,
Хобидаст олам,
Сабза, инсону ҳайвон,
Мурғу моҳи ҳам.

Танҳо ҷуйҳо равонанд,
Онҳо ширинзабонанд,
То фарзандам бихобад,
Алла! мехонанд.
Алла, ҷон, алла!

Роҳат хобад азизам,
Бе дарду хурсанд,
Бозичаҳои хубаш
Дар хобаш оянд.

Дар хобаш гулҳо бинад,
Ҷамъи булбулро бинад,
Аз парешонҳо танҳо
Сунбулро бинад.
Алла,ҷон, алла!

Фардо модар ба гармӣ
Шӯяд рӯяшро,
Шона занад бо нармӣ
Мушкин мӯяшро.

Гӯяд зудтар калон шав,
Дар Ватан паҳлавон шав!
Акнун, бо як табассум,
Осуда хоб рав!
Алла, ҷон, алла!

Муаллиф: Абулқосими Лоҳутӣ 1943.

ХАЗОН ВА МОДАР

Хазон мерӯфтӣ он рӯз, эй модар,
Хазон мерӯфтӣ аз пешгоҳи кулбаи фартут.
Хазони умр аз аҷзои ту мерехт,
Хазон мерӯфтӣ…
Гарчи хазонрези ҳаётат буд.
Хазонҳо рӯйи роҳ афтода буданд –
Хазонҳои дарахтони ҳаёти дастпарвардат.
Ту меруфтӣ хазонҳорову гӯйӣ бехабар будӣ
Зи рангу рӯйи монанди хазон зардат
Хазонҳо зери по афтода буданд.
Хазон мерӯфтӣ бо шохҷорӯби хазонрӯбӣ,
Вале аз дасти ногирои ту ҷорӯб меафтод.
Зи бедоди фалак, эй модари ҷон, сад фиғону дод,
Забонам оҷизу гуфтан наметонам,
Хазони умрро рӯфтан наметонам…
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ (29.1.1986)

НОНУ НАСИБ

Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд кафтарҳои навболу парат, модар,
Куҷо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар?
Бисоти тӯй меандӯхтӣ,
Баҳри арӯсонат
Садаф меҷустию гарди хазина, шаддаи марҷон.
Чӣ шуд?
Бемодарии зумраи манҳус боис шуд,
Ки рафт аз дасти ту ногаҳ асои пирият, ҷонат.
Ба китфи ҳар яке ту орд пошидӣ, гуселондӣ,
Дуо кардӣ, ки мисли орд бошад роҳашон испед.
Ба ёдат ҳаст, аз нони тамоме порае додӣ
Ба онон, то ки ними дигараш бо ҷазбаи худ бозгардонад
Ба наздат рафтагонатро,
Кушоӣ боз хони ид.
Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд он шаҳбозҳои дурпарвозат,
Калиду қуфли тиллоят, дари бозат,
Сад оғози як оғозат?
Ба ёдат ҳаст он нони насиби рафтагонатро
Ба рӯзи бенавоиҳо ба ман додӣ,
Ки чун заҳри ҳалоҳил буд дар комам…
Ва омад навбати ман ҳам…
Маро ҳам дар раҳи хидмат гуселондӣ.
Марезон ашк, эй модар,
Ҷаҳон дар бистари чун парниён нарме
Нафас осуда мегирад.
Пайи ин сон ҳаёти пурнишоте ҳар каси дилсӯз
Агар мирад, намемирад.
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ,
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хӯрд.
Машав маъюс, эй модар,
Кунун нону насибамро каси дигар нахоҳад бурд.
Чу дар он орзуи синаҳои доғ-доғи модарон дарҷ аст,
Чу дар он меҳру ёди ҷумлаи қурбониён дарҷ аст.
Чу дар он хуни поки қаҳрамонон,
Номҳои тобноки ҷовидон дарҷ аст!
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  (1965)

ҶОМАИ ГАДОӢ

Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам,
Ту бо уммеди бисёре
Дари ҳар хонае рафтӣ.
Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –
Нахуст аз модарони серфарзанде,
Сипас аз пири ботадбиру солоре.
Нахуст аз тоқивори* мурдаи бодавлату бонанг,
Сипас аз махзани бори арӯси бахтбедоре.
Ба рӯйи марзае в-онгаҳ
Миёни пирзанҳои худоҷӯе,
Малофа бар малофа
Пораҳои чанд алвонро
Ба ният дӯхтӣ бо ҳам.
Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид.
Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.
Ту гӯйӣ, ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯйӣ, пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.
Ман аз он рӯз, эй модар,
Ман аз он рӯз то имрӯзу то ҳастам
Зи мардум қарздорастам.
Ман аз он ҷомаи садпораву садранг
Тамоми рангҳои зиндагиро хуб санҷидам,
Ва андар хидмати мардум камар бастам.
Кунун ман ҳам ба сони ту
Ба ҳар як хона рӯй орам
Барои порае тақдир,
Барои порае тадбир.
Барои порае аз саргузашти халқ,
Барои порае аз сарнавишти халқ,
Ки бо ашъори девонам
Тамоми қарзҳоро пора-пора бозгардонам.
Ба ҷои пораи талбидаат ҳар бор
Орам порае ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол…
Дар қиёси гӯри мардон пештар
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
Гӯйӣ ӯ дорад гуноҳони азим –
Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.
То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.
Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.
Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,
Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.
Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ
Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо…
Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон
Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.
Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,
К-он чунон ноқадрдонон зодааст…
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  (1979 с.)

РОҲНИШИН АЙ МОДАРАМ

Дар сари роҳ аст гӯрат,
Модари ғамкуштаи ман,
Шеъри дарду оҳи ҷонам,
Байти хуноғуштаи ман.
Бигзаранд аз паҳлуи ту мардумон
Гоҳ боло, гоҳ поён,
Гаҳ савора, гаҳ пиёда
Бо такопӯйи зиёда.
Он яке омин кунад сӯйи мазорат,
Модараш гуфтӣ, ки бошад ҳамҷаворат.
Дигаре парвои сад маҳшар надорад,
Гӯйиё модар надорад…
Он яке гардунааш гардуннавард аст,
Сар ба гардун судааст.
Дигаре байни замину осмон
Будаи нобуда аст.
Бигзарад аз паҳлуи ту
Ҳар касе, ки бехабар аз захми носури дил аст.
Бехабар аз он, ки гӯрат гӯри як мушт устухон нест,
Гӯри ту гӯри тапишҳо, гӯри ту гӯри Дил аст…
Ҳар гаҳе оям тавофи хоки ту,
Чашмҳоят аз даруни гӯр сӯям бингаранд.
Хонда печонхатти ожанги ҷабин,
Аз ҷаҳон суду зиёнам бишмаранд.
Чашм пӯшидӣ агар аз зиндагонӣ,
Сӯйи ман боз аст чашми интизорат.
Сӯйи ман гирёну пазмон боз бошад
Чашми чорат аз мазорат…
Модари ғамкуштаи ман, гарчи дар зери заминӣ,
Боз ҳам дар зери гардун роҳпою раҳнишинӣ…
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ   (9.11.1988)

МОДАР ТУ АХТАРИ ОСМОН

Чу афтад ахтаре аз боми гардун,
Чунин ёбам, ки афтод ахтари ман.
Дарахти пир чун афтод вожун,
Бигӯяд фоли ҳоли модари ман.

Чу роҳе кӯр гардад беравуо,
Бигардад кӯр роҳи манзили ман.
Чу аз сарчашма хушкад оби дарё,
Бихушкад гӯӣ дарёи дили ман.

Ту гӯӣ мебуранд ангушти моро,
Агар бурранд нарти навдарахте.
Хурем афсӯс дида марди аъмо,
Ки шояд буд чашми кӯрбахте.

Чу мирад аз қазо фарзанди одам,
Ҳар он к-ӯ бишнавад, озурда бошад.
Бигиряд ҷумла безурёти олам,
Ки гӯӣ тифли ӯ ҳам мурда бошад.

Чаро мо ин қадар дардошноем?
Куҷо дардест, дарди худ бидонем,
Ғами дунё ҳама андар дили мо,
Ҷаҳон дар мост ё мо дар ҷаҳонем?
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  (1970)

МОДАРИ МАН

Модарам, олиҳаи покии ишқ,
Бо дили покиза покам зодаӣ.
Аз вуҷуди поки худ чун меҳри пок
Шири поки модариям додаӣ.

Покият аз пушти поки ту бувад,
Пок оби дидаатро кардаӣ.
Дар лаби домони покат бо азоб
Кӯдакони поки худ парвардаӣ.

Чун сарандози сафеди бастаат
Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед.
Ту ба бахти мо сафедиро ҳанӯз
Бо дуои поки худ дорӣ умед.
Муаллиф: Хатлонӣ

ВОЛОТАР АЗ ҲАМА

Як дами ҷон костани модарон
Беҳ зи ҳама мӯъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шӯълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Як асари маслиҳати модарон
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Як ҳунари ҳамдамии модарон
Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.
Як нафаси сӯхтани модарон
Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.
Як табусӯзи ҷигари модарон
Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.
Як мадади фотиҳаи модарон
Беҳ зи мададгории соҳибсарон.
Як қадами беалами модарон
Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекарон.
Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Хок шаванд аз ҳама волотарон.
Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,
Кавну макон бод фидо, модарон!
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  (25.4.1982)

Қиблагоҳам модарам!

Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанӯз.
Аз дару даргоҳи ман ҳарчанд рафтӣ зери хок,
Ҳамчунон тимсоли меҳру эътиқодастӣ ҳанӯз.
Пеши дар истодаӣ, эй модари чашминтизорам,
Эй сари сабзам, умеди зиндаам, субҳи баҳорам.
Пеши дар истодаӣ, гӯё саропо зиндаӣ,
Бо ҳамон наззораиву бо ҳамон лабхандаӣ.
Модароне будаанд афзун ба олам, тифлаконе зодаанд,
Лек волотар зи модар будаӣ,
Будаӣ ҳам модару ҳам офаринанда,
Баски бо навзод тавъам шоире ҳам зодаӣ,
Шоире дилдодае, озодае.
Маншаи шеъри сафедам буда аз шири сафедат,
Модарам, баски сафедиҳо ҳама аз орзуҳои сафеди туст.
Одамӣ гар орзуи зиндагӣ дорад,
Зиндагонӣ гар умеди боз ҳам пояндагӣ дорад,
Пояаш бар орзую бар умеди туст.
Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар,
Дар сарат қарси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодаӣ.
Пеши дар истодаӣ,
Гӯйиё дар пешвози меҳмон омодаӣ.
Гӯйиё дар остона,
Роҳпойӣ ҷовидона
Ҳам маро,
Ҳам аз тамоми рӯйи дунё меҳмонҳои маро…
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ (12.12.1985)

ДУБАЙТИҲО — МОДАР

Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу мӯҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯйи дастони ту мирам.

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

Ҷаҳонсозу ҷаҳоноройӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Дилам хоҳад, равам бар кӯйи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯйи модар,
Тамоми рӯйи дунёро бигаштам,
Надидам рӯйи хуш ҷуз рӯйи модар.

Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигиристам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз,
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

ҲАСРАТ БА МОДАР

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».
Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».
Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.
Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.
Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот
Зи баҳамфишурда лабҳот.
Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд…
Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?
Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?
Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад…»
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ (15.12.1985)

ДАР САРИ ГӮР

Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам,
Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам.
Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал ба даст
Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам.
Ном мемондӣ ба ният бар ҳама навзодҳо,
Рахт меоростӣ дар тӯйи навдомодҳо.
Тоҷи тиллои арӯсонро ту мебастӣ мудом,
Атр меомехтӣ бар накҳати гулбодҳо.
Дар раҳи фарзандҳо обу адо гаштӣ ба меҳр,
Дар ҷидоли модарӣ бо ҷон фидо гаштӣ ба меҳр.
Ту сиришти меҳру ишқу зиндагӣ будию боз
Оқибат аз зиндагонӣ ҳам ҷудо гаштӣ ба меҳр.
Бе гулу гулдаста мактабхона мебурдӣ маро,
Дошта аз дасти ман, шодона мебурдӣ маро.
Баъди мактаб то дили шаб бо забони шаккарин
Бар ҷаҳони қиссаю афсона мебурдӣ маро.
Хотирам дарди дили пиронаи ту мебарад,
Як ҷаҳони қиссаю афсонаи ту мебарад.
Ту дигар бар хонаи ман худ намеойӣ, вале
Бандагӣ охир маро бар хонаи ту мебарад.
Атласи рангинкамон пироҳанат ёд оварад,
Тундар аз фарёдату аз шеванат ёд оварад.
Занги мактаб ҳар саҳар чун занги субҳи баччагӣ
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.
Бориши борон зи ашки дидаат ёд оварад,
Баргрезон аз гули ночидаат ёд оварад.
Офтоби кӯри зери абр дар фасли баҳор
Як-як аз рӯзи хуши нодидаат ёд оварад.
Модарам, имрӯз бо Модар-замин якто шудӣ,
Бо замин, бо чархи гардон ҳамраҳу ҳампо шудӣ.
Бӯйи ашку бӯйи доғи сина дорад мадфанат,
Гарчи худ бо ашку доғи сина нопайдо шудӣ.
Дидагони хирабину ашкборат – зиндагист.
Раъшаи дастони хушку бемадорат – зиндагист.
Омадӣ танҳою танҳо рафтӣ аз дунё, вале
Тору пуди бошу буду ёдгорат – зиндагист!
Зиндагии шоирона аз ту мероси ман аст,
Ин замину ин замона аз ту мероси ман аст.
Дар деҳи танге агарчи халқ кардӣ ту маро,
Ин ҷаҳони бекарона аз ту мероси ман аст.
Гарчи аз он ҳавлии деворбаста рафтаӣ,
Дар дилу дар дидаю дар хотири ман зиндаӣ.
Дигар аз дарбачча сар берун наёзӣ сӯйи ман,
Лек дар даргоҳи ҷони шокири ман зиндаӣ.
Зиндаӣ, эй модари ошуфтаҷонам, зиндаӣ,
Дар равонам, дар ғазалҳои равонам зиндаӣ.
То мани аз шири покат покбозу покҷон
Зинда дар байни замину осмонам, зиндаӣ.
Кист розӣ буд аз дунёву меҳнатҳои он,
То ту розӣ хуспӣ андар синаи сарди замин?
Мехӯрад гарчи заминат, мехӯрад беэътибор,
Ҳамчу модар мекашӣ андар замин дарди замин.
Дастҳои ту бурун аз хок сӯйи офтоб,
Чашмҳоят боз бо ҳасрат ба рӯйи офтоб.
Шишаро бар чашмҳои обрав бигзошта,
Мебаройӣ гӯйиё бар ҷустуҷӯйи офтоб.
Мебаройӣ пешвозам синакӯбон, модарам,
Бесиришку бесадо гирёну хандон, модарам.
Мебаройӣ бар гуселам то сари роҳи калон,
Аз қафо бо сад хаёле дастафшон, модарам.
Модари хушбахту бадбахтам, замин ёри ту бод!
Гирдгардон рӯҳбони покрафтори ту бод!
Пайраҳе, ки бар мазори хоксорат мебарад,
Пойгоҳи зодагони номбардори ту бод!
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ 

ХОНАИ МОДАРАМ

Ин шаби туршрӯйи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.
Шояд ӯ бо умеди афви гуноҳ
Рамазон асту рӯза медорад?
Вақти ифтор чак-чаки шибдор*
Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад?
Ё ки дар ҷонамози фарсуда
Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
Ё зи Парвардигор мехоҳад,
Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?…
Буд вақте ки модари пирам
Тозарӯ буд, милаи тар дошт.
Милааш дошт бӯйи ҷурғотӣ,
Ҳайдарии хазинаи зар дошт.
Остини фарох то оринҷ
Барзада бо ҳазору як тадбир,
Гӯйиё ҳаққи кӯдаконашро
Меситонд аз қаламкаши тақдир.
Субҳгоҳон чу гов медӯшид
Пушти ӯро ба меҳр молида,
Дохили ширдӯша меафтод,
Милаҳояш зи шона лағжида.
Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор
Кулчаҳои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчаҳои танӯр месӯзонд.
Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
Бесухан пилкҳои чашми маро
Ба сари панҷаҳош мемолид.
Чи қадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содагӣ намегуфтам.
Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
Вассаҳоро шумурда мехуфтам.
Боз дар ин шабони боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чак-чаки шифт… шиддати борон…
Дар дилам оламе ба дод омад.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Ҷойи ту дар биҳишт таъин аст,
Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
Ман надонам, чӣ рӯзи сангин аст.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Нестӣ ту аз он пушаймонҳо.
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронҳо!
Модарам! Модари биҳиштиям!
Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ  1978

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …