Главная / Гуногун / Шаҳри Душанбе

Шаҳри Душанбе

Солҳои донишҷӯии ман, яъне солҳои ҳаштодум Душанбе бештар як шаҳри русӣ буд. Қисми аъзами сокинони Душанбе мардуми рус ва русзабонҳо буданд. Ҳатто худи то- ҷикони муқими Душанбе русӣ ҳарф мезаданд, аз уқдаи ҳақорат ба забони модарӣ ҳарф заданро ор медонистанд. Дар шаҳр кор- хонаҳои саноатии зиёд фаъолият мекарданд, ки аксари муҳан- дисони онҳо аз шумори ғайритоҷикҳо буданд. Агар корхонаи наве сохта мешуд, муҳандисони онро аз Русия ё ҷумҳуриҳои дигар мефиристоданд, гӯё мардуми тоҷик нокора ва қобил ба омӯзиш набуданд. Номи кӯчаву хиёбонҳо, навиштаҳои бо- лои дари корхонаву муассисаҳо ҳама русӣ буданд.

Сурати Шаҳри Душанбе: Назди Садбарг
Сурати Шаҳри Душанбе: Назди Садбарг

Хиёбони марказӣ, боғи марказии шаҳр, Донишгоҳи давлатӣ ва бисёр муассисаҳои дигар ба номи Ленин буданд. Ба ғайр аз як-ду кӯчаи ба номи тоҷикон – қаҳрамонони шаҳиди Ҷанги бузурги Ватанӣ ва се-чаҳор кӯча ба номи шоирон, дигар ҳамаи кӯчаву хиёбонҳо номҳои ғайритоҷикӣ доштанд. Номи ин кӯчаҳо ба гӯшу забони тоҷикон намечаспид магар, ки барои суроғаҳо, номи кӯчаву хиёбонҳоро намегирифтанд.

Бештар маҳаллаҳоро номбар мекарданд, масалан, хонаи мо дар наздикии бозори Саховат, ё ду кӯча боло аз чойхонаи Роҳат ва ғайра. Ин тарзи суроғадиҳӣ ёфтани манзилро душвор кунад ҳам, мардум аз ҳамин ривол истифода мекарданд. Латифае ҳам буд, ки мегуфт: «Хонаатон куҷост? Назди хонаи Аҳмад. Хонаи Аҳмад куҷост? Назди хонаи мо». Баъд аз тағйири номҳо ҳоло мебинам, ки одамон номи кӯчаву хиёбонҳоро бештар истифода мекунанд ва бо ифтихор хонаи мо дар хиёбони Айнӣ, ё кӯчаи Лоиқ Шералӣ гуфта, нишонӣ медиҳанд.

Город Душанбе

Он замон Душанбе як шаҳри музофотӣ дар Иттиҳоди шӯ- равӣ буд. Қисмати хурди марказӣ ва шимолу ғарбии он бо биноҳои панҷ ва аҳёнан нӯҳошёна ба шаҳр монанд бошанд ҳам, қисмати азими шаҳр аз ҷиҳати меъморӣ бештар як деҳаи бузургро мемонд.

Баъдан дар замони истиқлол касб кардани кишвар русзабон- ҳо шаҳрро тарк карданд ва ба ҷои онҳо деҳотиён шаҳрро пур карданд, ки аз ҷиҳати одобу ахлоқ низ Душанбе як деҳаи комил гашт. Ман мушоҳидаҳои худро дар бораи одоби шаҳрнишинӣ дар як ёддошти мухтасар навишта будам, ки дар поён меорам.

Давлати Шӯравӣ батадриҷ маҳалҳои нави маскунӣ месохт ва онҳоро бо рақам номгузорӣ мекард. Мисли ин ки аз аввал нақшаи сохтмони шаҳр дар харита ба қитъаҳо ҷудо шуда рақам- гузорӣ шуда будааст, ки масъулон сари худро бо номёбӣ гаранг накарда, ҳамон рақамҳоро ҳамчун номи маҳалҳо истифода ме- карданд. Масалан, дар қисмати шимолу ғарбии шаҳр маҳалаҳои 82, 91, 102, 103 ва ғайраро ҳамагӣ чанд сол пеш аз омадани ман ба Душанбе сохта будаанд. Ҳамдарсони донишгоҳии мо, ки му- қими Душанбе буданд, нақл мекарданд, ки чанд сол қабл ин минтақаҳо ҳама пахтазор будаанд.

Соли аввали донишҷӯии ман, бинои нави Донишгоҳи дав- латӣ дар лаби рӯди Душанбе ба истифода дода шуд. Мо имти- ҳонҳои қабулро дар бинои кӯҳнаи донишгоҳ воқеъ дар маркази шаҳр супорида, аввалин донишҷӯёне будем, ки аз соли аввал хонданро дар ин бинои нав оғоз кардем. Дарсҳо ба фарқ аз мактаби миёна, ба таври ҷуфт мегузаштанд. Як фанро мо дар ду нишасти 45 дақиқаӣ, ки дар байн танаффуси 15 дақиқаӣ дошт, мехондем ва ҳар рӯз се-чор ҷуфт дарс доштем.

Бинои нави донишгоҳ хуштарҳу барҳаво сохта шуда буд. Мегуфтанд, ки мувофиқи нақша баъд аз сохта шудани ҳамаи биноҳои донишгоҳ пеши рӯдхонаи Варзоб ва Лучоб, ки аз ду тарафи бинои Донишгоҳ ҷорӣ буданд, баста мешавад ва До- нишгоҳ дар иҳотаи кӯли сунъӣ мемонад. Аз сабаби дар байни ду рӯд ҷойгир будани бино, номи макони донишгоҳ дар забо- ни донишҷӯён «ҷазира» буд. Ман панҷ соли донишгоҳро дар ҳамин ҷазира хондаам.

Хобгоҳи мо дар канори ҷанубии шаҳр дар маҳалли Гипро- зем, хеле дур аз донишгоҳ воқеъ буд. Намедонам, бо кадом мантиқ донишгоҳ ва хобгоҳро дар ду қисмати мухталифи шаҳр, хеле дур аз ҳам сохта бошанд. Гӯё ин хобгоҳро махсус, ҳарчӣ дуртар аз донишгоҳ сохта буданд, то ки донишҷӯён фикр на- кунанд, ки хондан кори осон аст.

Хобгоҳи мо як бинои чорошёнаи фарсудае буд, ки ҳар ошёнааш як дастшӯӣ ва як ошхонаи умумӣ ва тақрибан 20 ҳуҷра дошт, ки донишҷӯён чоркасӣ дар ин ҳуҷраҳо мезистанд. Таъмири дару девори утоқҳо ба гардани худи донишҷӯён буд, қисматҳои истифодаи умумӣ – роҳраву зина ва дастшӯйхонаву ошпазхона солҳо рӯи таъмирро надида дар ҳоли хеле бад қарор доштанд. Вале донишҷӯёни мисли ман аз деҳот омада, чора на- доштанд ва зиндагӣ дар ин хобгоҳ барояшон ягона гузина буд.

Чойхонаи «Роҳат» ҷои дӯстдоштаи мо донишҷӯён буд. Чой- хона соли 1958 дар канори хиёбони марказии шаҳр бино шуда, намоди фарҳанги тоҷикист. Дар тӯли солҳо чойхонаи «Роҳат» яке аз биноҳои рамзии шаҳри Душанбе шуд ва номи ин чой- хона ҳатто барои касоне, ки аз музофоти кишвар боре ҳам ба пойтахт наомадаанд, ошност.

Фазои чойхона дар замони донишҷӯии ман як фазои воқеан роҳат буд. Бинои асосии он дар канори хиёбони марказӣ воқеъ буда, ба таври нотакрор зебо сохта шудааст. Он ду ошёнаи боз ва ҳавлии фарох дар пушт дошт, ки бо фаввораву наққошиҳои миллии тоҷикӣ ба ҳар сайёҳе пойтахти тоҷиконро муаррифӣ мекард. Дар пушти бино ба сабки чойхонаҳои суннатӣ ҳавлие
сохта буданд, ки сарсабз буд ва тахткатҳои бо кӯрпачаву такя- болишҳои тоҷикӣ муҷаҳҳаз дошт. Дар ин тахткатҳо доим мӯй- сафедон ва нафақахӯрон гурӯҳ-гурӯҳ шоҳмотбозӣ мекарданд. Дар дарахтҳои ин ҳавлӣ қафасҳои парандаҳои хушовоз овехта буданд, ки бо садои дилнишин ба фазо рӯҳи хос мебахшиданд.

Он замон чойхонаи «Роҳат» махсусан барои касоне, ки дар музофот зиндагӣ мекарданд ва наздиконашон дар донишгоҳҳои Душанбе мехонданд, ҷои вохӯрӣ буд. Ҳар касе, ки фарзанд ё наз- дикашро хабаргирӣ меомад, ба чойхона омада, соате менишаст ва ҳатман шиносеро ёфта, аз ӯ суроғаи наздикашро мегирифт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …