Главная / Ҷамъият / Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпулӣ

Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпулӣ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « I » июни соли 2007 № 313 тасдиқ шудаанд 

Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққати ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

  1. Қоидаҳои умумӣ
  2. Ҳамин Қоидаҳо тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнати кормандонро ҳангоми пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи асоси, дарозкардашуда, иловагӣ, таълими ва эҷоди, инчунин барои пардохти ҷубронпули барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкуни, ҳангоми ҳисоби кӯмакпулӣ дар ваҳти аз кор рафтан, ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористи ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизмати қарор доштан, иҷрои вазифаҳои давлати ё ҷамъиятӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққати, кӯмакпулӣ барои ҳомиладори ва таваллуд, ҳангоми додани кафолатҳои иловаги барои занону ҷавонон, ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд.
    2. Қоидаҳои мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбиқ мегарданд.
  3. Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда ва музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкуни
  4. Ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он ҷумла рухсатиҳои дарозкардашуда), рухсатиҳои таълими ва эҷоди, инчунин барои пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи тақвими, ё бо хоҳиши корманд аз рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифи), анҷом дода мешавад.
    4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миёнаи якруза истифода мешавад. Музди миёнаи якруза барои пардохти маблағи рухсати бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифи) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсати ва ба коэффитсиенти 29, 3 – миқдори миёнаи рузҳои тақвими муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсати бо роҳи зарб задани музди миёнаи якрӯза ба шумораи рузҳои тақвимии рухсати амалӣ мешавад.
    а) агар рухсати аз ҳисоби музди миёнаи меҳнати аз давраи рӯзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифи)дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшави суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигарпардохтҳои (ба ғайр аз маоши вазифави) то баландшави анҷомдодашуда ва ба давраи ҳисоботи (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мукофотҳо, ғайр аз мукофотҳои яквақта ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшави ва ба давраи ҳисоботи дохилшаванда ба андозаи зиёдшави тасҳеҳ мегарданд;
    б) агар давраи ҳисоби пурра кор карда нашуда бошад, рухсати аз рӯи музди миёнаи меҳнати якрӯза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи кори ва ба рузҳои тақвимии рухсати, ки мувофиқи моддаи 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардрхт карда мешавад.
    5. Дар ҳолати дар давраи ҳисоби мавҷуд набудани музди меҳнат, аз ҷумла ҳангоми пардохти давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рӯзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое, ки аз ҳисобкуни хориҷ карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якруза аз рӯи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи се моҳи тақвимии охири иҷрои кор, бевосита пеш аз давраи ҳисоботи бо тасҳеҳи минбаъдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифави (меъёрҳои тарифи) муайян карда мешавад. Агар корманд ҳам дар давраи ҳисоботи ва ҳам то давраи ҳисоботи ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рӯзи кори надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рӯи меъёрҳои тарифии дараҷаи муқарраргардида ва маоши вазифави муайян карда мешавад.
    6. Ҳангоми пардохти маоши собити вақтбайъ (аз ҷумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудҳои иловагии мукофотпулӣ), музди миёнаи меҳнати якрӯза бо роҳи тақсими маоши вазифавии моҳонаи охирини корманд бо иловапулиҳо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рӯзҳои тақвимии рухсати зарб карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд будани дигар намудҳои мукофотпулиҳо музди миёнаи меҳнати якрӯза бо тартиби банди 4 Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
    7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнати аз давраи ҳисоботи вақте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубини кӯдак то синни муқаррарнамудаи қонун расидани ӯ кӯмакпули гирифтааст, хориҷ карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшави аз кор, ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориҷ карда мешавад. Рӯззои иди ғайрикори, ки ба давраи рухсати рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаванд.
    8. Ҳангоми бо корманд қать намудани шартномаи (қарордоди) меҳнати, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти ҷубронпули барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкуни, мутобиқи талаботи бандҳои 4-7 Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад.
    III. Пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористи ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар сафари хизмати қарор доштан, барои давраи ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, додани кафолатҳои иловаги барои занону ҷавонон, ки ҳисобкунии андозаи музди миёнаи меҳнат ро талаб менамоянд.
    9. Музди миёнаи якрузаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, истеҳсоли маҳсулоти ноқис, бо назардошти дараҷаи зарар ва бекористи на бо айби корманд, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (ғайр аз пардохти рухсатиҳо, ҳисоб кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо) бо роҳи тақсим кардани маблағҳои воқеии ҳисобшуда дар 3 моҳи тақвимии ҳолати мушаххаси қаблии вақти пардохт ба корманд дар ин ҳолатҳо (аз санаи 1 то 1 моҳи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмоҳаи рӯзҳои кори бо назардошти давомнокии муътадил ё кутоҳи ваҳти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
    10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрузаи меҳнат дар ҳолати давомнокии вақти кории муътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрӯза коэффитсиенти 25,0 – ҳисоби миёнаи рӯзҳои кории
    якмоҳа ва ҳангоми ҳафтаи кории панҷрӯза коэффитсиенти 20,6 – теъдоди миёнаи рузҳои кори дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ба теъдоди рӯзҳои кории ҳисобшаванда амалӣ мегардад.
    11. Ҳангоми баҳисобгирии ҷамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он ки маблағи пардохт муайян карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботи (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблағи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
    12. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 – соата бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёнаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдори 1,14 (40 : 35), инчунин барои дигар низомҳои (16, 18 ва 24 соата) ҳафтаи корие, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
    13. Маблағи умумии музди миёнаи меҳнат бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрӯза ё яксоата ба шумораи рӯзҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (реҷаи) кори дар фосилаи вақте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.
    IV. Пардохти кӯмакпулизҳои суғуртаи иҷтимоии давлати: кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққати ва кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд
    14. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққати бо роҳи тақсими музди миёнаи меҳнати моҳона ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоями муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кӯмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнат (аз 60 то 100 фоиз) кӯмакпулии рӯзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рӯзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиҷаи корношоями аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад.
    15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти вақти корношоямии муваққати аз ғисоби музди миёнаи меҳнати моҳонаи 3 моҳи пурраи кории пеш аз корношоямии муваққатии корманд анҷом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан ғайриимкон аст, (онҳое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, кироякорони шахсони алоҳида ва ғайра) кӯмакпулӣ вобаста ба корношоямии муваққати, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи охири кор, вобаста ба маблағи пардохташудаи аъзоҳаққии иҷтимоӣ ҳисоби карда мешавад.
    16. Барои ҳисобкунии кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққати, (ҳомиладори ва таваллуд), музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда бо маблағи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Ҳамин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнати, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин мавридҳо кӯмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеи, бидуни маҳдудияти маблағи маоши дукарата (меъёрҳои тарифи) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
    17. Музди миёнаи меҳнати якрӯза барои ҳисоб кардани кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 3 моҳ, ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифи) ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоями то пешниҳоди ба рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рӯзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисоби шудааст) ва пас аз он ба миқдори рузҳои тақвими корношоями дода шуда, ки онро муассисаи тибби муқаррар менамояд (аз 70 то 180 рӯзи тақвими) зарб зада мешавад.
    18. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои ҳисоби кӯмакпулиҳо ҳамаи намудҳои пардохти музди меҳнат, ки дар банди 20 Қоидаҳои мазкур пешбини шудаанд, ҳам аз ҷойи кори асоси ва ҳам аз ду ҷойи кори, инчунин маблағҳои подоши ҳаққи қалами муаллиф ва маблағҳои мукофотпулиҳо аз шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати барои мудаат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онҳо ҳаққи суғурта ситонида шудаст, ва назар гирифта мешаванд.
    19. Давраҳои корношоямии муваққати ё рухсати барои ҳомиладори ва таваллуд ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.
    V. Қоидаҳои умуми барои тамоми ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд
    20. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози иҷтимои ситоиида мешавад ва ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:
    а) музди меҳнати асоси, ки тибқи шартномаи (қарордоди) коллективӣ,
    инфиродӣ, бо меъёрҳои тарифи, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
    б) нигоҳдории кафолатноки музди меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, тағйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда, ҳангоми сафари хизматӣ, дар рухсатии меҳнати будан, иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
    – пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористи на бо айби корманд, вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор;
    – музди меҳнати ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълими (курсҳо) нигоҳдошташаванда ва ба занҳо дар давраи танаффусҳо барои маконидани тифл нигоҳдошташаванда;
    в) иловапулиҳо:
    – барои тахассус, дараҷа, рутбаҳои тахассуси, унвони илмӣ, донистани забони хориҷи, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараҷави, иҷрои корҳои махсусан муҳим, шахсӣ ва дар дигар ҳолатҳо;
    – барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат, (барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рӯзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иҷрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда)), барои роҳбари ба ҳайат, таҷрибаомузии истеҳсоли барои омузонидани шогирдон дар истеҳсолот;
    – барои кор ҳангоми риоя накардани низоми муътадили вақти кори (барои кори зиёда аз вақти муқаррари ва кори шабона, барои кор дар рузҳои ид ва истироҳат);
    – иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангоми тағйири шароити муътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иҷро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати тағйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
    – барои кор ҳангоми риоя накардани шароити муътадили меҳнат (барои корҳои вазнин ва зарарнок, шароити меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок, дар ноҳияњо ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди табиию иқлими ва маишии меҳнат);
    г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотони пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи)
    колективи тасдиқгардида.
    21. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд:
    а) пардохтњое, ки берун аз манбаъҳои фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар ҷорй намудани ихтироот ва пешниходҳои навовари), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишҷӯён ва аспирантҳои ҷудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кӯмакпулиҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ, арзиши роҳҳатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иҷтимоӣ (фонди истеъмолот):
    б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии дорои хусусияти яквақта (иҷрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулиҳо, подошҳои яквақтаи дорои хусусияти ҳавасмандгардони, ба муносибати ҷашнҳои шахси, кумакпули ҳангоми озодшави аз вазифа, кумакпулиҳои ҳавасмандгардонии модди, мукофотҳои пули барои ишғоли мақоми аввал дар озмунҳо ва ғайра);
    в) ҷубронпулиҳо:
    – ҳангоми дар сафари хизмати будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ, кирояи манзил ва роҳкиро пардохта мешаванд (маблағҳои хароҷот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда);
    – арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ;
    – барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва ғайра;
    г) кумакпулиҳои аз суғуртаи иҷтимоии давлати пардохтшаванда;
    д) музди меҳнати дар рӯзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буҷети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
    22. Мукофотҳо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунии мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинишуда аз рӯи ҳисоби воқеи ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои ҳар як моҳи давраи ҳисоботи дохил карда мешаванд.
    23. Ҳангоми иҷрои корҳои гунногунпардохт (корҳои таъмирӣ, якҷокунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва ғайраҳо) музди миёнаи меҳнат аз маблағи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иҷрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
    24. Музди миёнаи меҳнат дар рӯзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботи меъёри муайяни вақти кори ва ҳаҷми корро пурра иҷро намуданд.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …