Овоз кардани замин ва қабр
Замин овоз мекунад, ҳар рӯз ба даҳ калима гӯяд: – Эй фарзанди Одам, зиндагӣ мекунӣ бар пушти ман ва бозгашти ту дар шиками ман аст. Ва нофармонӣ мекунӣ бар пушти ман ва азоб карда мешавӣ дар шиками ман ва ханда мекунӣ бар пушти ман ва гиря мекунӣ дар шиками ман ва мехӯрӣ ҳаром ба пушти ман ва мехӯранд кирмон гӯшти туро дар шиками ман ва шодӣ мекунӣ бар пушти ман ва ғамин шавӣ дар шиками ман ва фарбеҳ мешавӣ ба ҳаром хӯрдан бар пушти ман. Обу гудохта шавӣ дар шиками ман. Ба такаббур меравӣ бар пушти ман, хору залил шавӣ дар шиками ман. Меравӣ шодон бар пушти ман ва воқеъ шавӣ ғамнок дар шиками ман ва меравӣ дар рӯшноӣ бар пушти ман ва воқеъ шавӣ дар торикӣ дар шиками ман ва меравӣ бо ҷамоат бар пушти ман ва мегардӣ танҳо дар шиками ман.
Дар хабар аст, ки қабр овоз мекунад ҳар рӯз ба се калимот:
– Ман хонаи ҷудоиям ва ман хонаи торикиам ва ман хонаи кирмонам. Пас чӣ чиз омода кардӣ барои ман?
Гуфта мешавад, ки қабр овоз мекунад панҷ бор.
Гӯяд: – Ман хонаи танҳоиям, пас бардор ҳамроҳи худ рафиқро ва ӯ хондани Қуръон аст ва ман хонаи торикиам. Пас бардор ҳамроҳи худ чароғро ва ӯ намоз аст дар шаб ва ман хонаи хокам.
Пас бардор ҳамроҳи худ қолинро ва он қолин амали солеҳ аст ва ман хонаи морон ва каждумонам. Пас бардор ба сӯи ман тарёк ва он тарёк садақа ва “Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р- раҳим” аст. Ва рехтани ашкҳо аст, яъне аз тарси Худо гиря кардан ва ман хрнаи саволи мункар ва накирам. Пас бисёр бихон бар пушти ман калимаи “Ло илоҳа илалдоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳро”.
Ривоят шудааст аз Оиша (р)-зани Пайғамбар (с), ки гуфт, ман нишаста будам чаҳорзону дар хона, ки даромад Расулуллоҳ (с). Пас хостам, ки хезам пешӣ ӯ чуноне ки одати ман буд, ки аз ҷои худ мехестам, вақти омадани вай ба тарафи ман. Пас гуфт он Ҳазрат (с): – Биншин ба ҷои худ, эй модари мӯъминон.
Пас нишастам ман, ӯ сари худро дар канори ман ниҳода хобид. Ман мӯи сафед аз риши он Ҳазрат (с) меҷустам. Дар он нуздаҳ адад мӯи сафедро дидам.
Пас фикр кардам дар дили худ ва гуфтам, ки он Ҳазрат (с) аз дунё меравад ва уммати ӯ бепайғамбар боқӣ мемонад.
Гиря кардам, то он ки ашк ба рухсораи ман рехт. Қатрае аз он бар рӯи Пайғамбар (с) афтод. Бедор шуд он Ҳазрат (с) аз хоб ва гуфт: – Чӣ чиз туро, эй модари мӯъминон, ба гиря овард?
Қиссаро бар он Ҳазрат баён кардам.
Фармуд: – Эй модари мӯъминон, кадом ҳол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Худои таъоло ва Расули ӯ доност.
Гуфт: – Рост мегӯй, аммо ту бигӯ.
Гуфтам: – Ҳоли сахттар аз вақти баромадани аз хонаи вай набошад. Медаванд авлоди ӯ дар паси тобути ӯ ва мегӯянд:
– Эй падари мо ва эй модари мо. Ва мегӯяд падар дар марги писари худ: эй писари ман ва эй фарзанди ман.
Фармуд он Ҳазрат, ки ин сахт аст бар майит ва сахттар аз ин ҳам ҳаст.
Пас аз он фармуд: – Кадом ҳол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Набошад ҳоли сахттар бар майит, аз ин ки ниҳода шавад дар лаҳад ва рехта шавад бар вай хок ва бозгарданд аз вай ақрабои вай ва авлоди вай ва дӯстони вай ва супоранд ӯро ба Худои таъоло бо амали вай.
Пас аз он фармуд Пайғамбар (с), ки эй модари мӯъминон, ин сахттар аст бар вай ва аз ин ҳам сахттар ҳаёт. Пас аз он фармуд: – Кадом ҳол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Худо ва Расули ӯ донотар аст.
Пас фармуд: – Бидон, эй Оиша (р), сахттари ҳол бар майит вақтест, ки мурдашӯй бахонаи майит дарояд, то бишӯяд ӯро ва берун кунад ангуштарини ҷавонро аз ангушти вай ва бикашад куртаи арӯсро аз бадани вай ва бардорад дастор (салаи) шайху олим ва козиро аз сари вай.
Дар ин ҳол овоз кунад рӯхи ӯ вакте ки бинад бадани худро бараҳна (луч) ба овози ғамнок, ки мешунавад онро ҳар махлуқ, магар инсон ва ҷин.
Пас овоз кунад: – Эй шӯянда, қасам аст ба Худои таъоло бар ту, ки баркашӣ либосҳои ман ба нармӣ ва оҳистагӣ. Пас ман ҳозиракак халос шудаам аз ҷанголҳои малакулмавт.
Чун резанд бар вай обро овоз ва фарёд кунад рӯҳ ва чунин гӯяд: Эй шӯянда, макун обро бисёр гарм ва на бисёр хунук. Пас бадани ман маҷрӯҳ аст ба кашидани рӯҳ.
Чун шӯяд ӯро гӯяд: қасам бод ба Худои таъоло бар ту, эй шӯянда, накаш маро ба қуввати худ, пас бадани ман маҷрӯх, аст ба баромадани рӯҳ.
Чун тамом кунад шӯстани ӯро ва вайро дар кафан ниҳад ва баста шавад ҷои ду қадами ӯ. Овоз кунад ӯро: қасам ба Худои таъоло бод бар ту, эй шӯянда, баста макун кафанро бар сари ман, то бубинанд рӯи маро аҳл ва авлоди ман ва ва ақрабои ман. Пас ин охирин дидани ман аст онҳоро. Ман имрӯз ҷудо шавам аз онҳо ва набинам онҳоро то рӯзи қиёмат.
Чун берун кунанд майитро аз хонаи вай, овоз кунад: қасам ба Худои таъоло, эй ҷамоати ман, шитоб накунед ба ман, то ки видоъ кунам хонаи худ ва аҳли худ ва моли худро.
Ҳамчунин овоз кунад: қасам ба Худо, ки гузоштам зани худро бева. Бар шумо лозим бод, ки иззо надиҳед ӯро ва гузоштам авлоди худро ятим. Бар шумо лозим бод, ин ки иззо надиҳед онҳоро, пас ман имрӯз берун карда шавам аз хонаи худ ва боз нагардам ҳаргиз.
Чун бардоранд ӯро бар тобут, мурда гӯяд: қасам бод бар шумо, эй ҷамоати ман, ки шитобӣ накунед ба ман, то ки бишнавам овози ахл ва авлоди худ ва ақрабои худро, чун ман имрӯз берун карда шавам ва ҷудо карда шавам аз эшон то рӯзи қиёмат.
Чун ниҳанд тобутро бар тахти ҷаноза ва се қадам роҳ раванд, овоз диҳад, овозе, ки мешунавад онро ҳар чизе, магар инсон. Ва ҷин гӯяд: эй дӯстони ман ва эй бародарони ман ва эй авлодони ман, мағрур накунад шуморо зиндагӣ, дунё, чунон ки мағрур кард маро ва бозӣ накунад ба шумо дунё, чунон ки бозӣ кард маро. Ибрат гиред, эй соҳибони чашм, шояд, ки шумо наҷот ёбед.
Пас ман гузоштам он чӣ ҷамъ карда будам барои ворисони худ ва шумо айш мекунед аз паси ман ва набардоред шумо аз гуноҳони ман чизеро ва ҳисобкунанда ҳисоб хоҳад кард ба ман ва шумо фаромӯш мекунед ва мегузоред маро дар хок. Пас аз он талаб нахоҳед кард маро.
Чун бар вай намози ҷаноза хонанду бозгарданд, баъзе аз аҳли вай ва ошноёни вай аз намозгузорандагони вай он мурда гӯяд: қасам аст, эй бародарони ман, ба Худо ман медонам, ки мурда фаромӯш карда шавад, лекин фаромӯш накунед маро бо ин шитобӣ.
Чун биниҳанд ӯро дар лаҳад, гӯяд: қасам аст ба Худо, эй ворисони ман, ки ҷамъ карда будам моли бисёр дар дунё ва гузоштам онро барои шумо. Фаромӯш накунед маро ба пораи нони худ ва омӯзонидам шуморо Қуръон ва одоб, пас фаромӯш накунед маро ба дуъои худ.
Чун баъд аз дафн кардани ӯ боз оянд гӯяд: эй бародарони ман, медонам, ки мурда хунуктар аст аз ях дар дилҳои зиндагон, лекин фаромӯш накунед маро бо ин шитобӣ.
Ҳикоят. Абу Қалоба дар хоб мақбараеро дид, пеши рӯи ҳар яке аз онҳо табақе аз нур буд. Дар миёни онҳо шахсе дид, ки пеши рӯйи вай табақе аз нур набуд. Пас савол кард ӯро, ки барои чӣ дар пеши ту табақи нур намебинам?
Он мурда гуфт: онҳоро фарзандон ва ошноёнанд, ки дуъо мекунанд барои онҳо ва садақа мекунанд барои онҳо. Нур аз он чиз аст, ки фиристодаанд ба онҳо аз дуъо ва садақа. Маро писари носолеҳе ҳаст, ки барои ман на дуъо мекунад ва на садақа медиҳад. Аз ин ҷиҳат барои ман нуре несту ман шармандаам назди ҳамсоягони худ.
Абу Қалоба чун аз хоб бедор шуд, писари он мурдаро талаб карда ёфт ва ӯро ба он чӣ дар хоб дида буд, хабар кард.
Писари он мурда гуфт: ман тавба кардам бар дасти ту ва дигар бознагардам ба сӯи он ни карда будам. Ва ман бепарво намебошам аз падари худ ҳаргиз, модоме, ки зинда бошам.
Баъди ин писар ба ибодат машғул шуду барои падари худ дуъо карда садақа дод.
Пас аз чанд муддат Абу Калоба дар хоб боз он мақбараро дид бар ҳамон ҳол ва дид назди он мурда нуре равшантар аз офтоб на зиёдатар аз нури ёрони ӯ.
Он мард ба ӯ гуфт: – Эй Абу Қалоба, Худои таьоло туро аҷри бузург диҳад, ки ба сабаби гуфтани ту ба фарзандам ва дуои ӯ аз оташ ва шармандагии ҳамсоягон халос шудам.