Овоз кардани замин ва кабр
Замин овоз мекунад, хар руз ба дах калима гуяд: – Эй фарзанди Одам, зиндаги мекуни бар пушти ман ва бозгашти ту дар шиками ман аст. Ва нофармони мекуни бар пушти ман ва азоб карда мешави дар шиками ман ва ханда мекуни бар пушти ман ва гиря мекуни дар шиками ман ва мехури харом ба пушти ман ва мехуранд кирмон гушти туро дар шиками ман ва шоди мекуни бар пушти ман ва гамин шави дар шиками ман ва фарбех мешави ба харом хурдан бар пушти ман. Обу гудохта шави дар шиками ман. Ба такаббур мерави бар пушти ман, хору залил шави дар шиками ман. Мерави шодон бар пушти ман ва вокеъ шави гамнок дар шиками ман ва мерави дар рушнои бар пушти ман ва вокеъ шави дар торики дар шиками ман ва мерави бо чамоат бар пушти ман ва мегарди танхо дар шиками ман.
Дар хабар аст, ки кабр овоз мекунад хар руз ба се калимот:
– Ман хонаи чудоиям ва ман хонаи торикиам ва ман хонаи кирмонам. Пас чи чиз омода карди барои ман?
Гуфта мешавад, ки кабр овоз мекунад панч бор.
Гуяд: – Ман хонаи танхоиям, пас бардор хамрохи худ рафикро ва у хондани Куръон аст ва ман хонаи торикиам. Пас бардор хамрохи худ чарогро ва у намоз аст дар шаб ва ман хонаи хокам.
Пас бардор хамрохи худ колинро ва он колин амали солех аст ва ман хонаи морон ва каждумонам. Пас бардор ба суи ман тарёк ва он тарёк садака ва “Бисмиллохи-р-рахмони-р- рахим” аст. Ва рехтани ашкхо аст, яъне аз тарси Худо гиря кардан ва ман хрнаи саволи мункар ва накирам. Пас бисёр бихон бар пушти ман калимаи “Ло илоха илалдоху Мухаммаду-р-расулуллохро”.
Ривоят шудааст аз Оиша (р)-зани Пайгамбар (с), ки гуфт, ман нишаста будам чахорзону дар хона, ки даромад Расулуллох (с). Пас хостам, ки хезам пеши у чуноне ки одати ман буд, ки аз чои худ мехестам, вакти омадани вай ба тарафи ман. Пас гуфт он Хазрат (с): – Биншин ба чои худ, эй модари муъминон.
Пас нишастам ман, у сари худро дар канори ман нихода хобид. Ман муи сафед аз риши он Хазрат (с) мечустам. Дар он нуздах адад муи сафедро дидам.
Пас фикр кардам дар дили худ ва гуфтам, ки он Хазрат (с) аз дунё меравад ва уммати у бепайгамбар боки мемонад.
Гиря кардам, то он ки ашк ба рухсораи ман рехт. Катрае аз он бар руи Пайгамбар (с) афтод. Бедор шуд он Хазрат (с) аз хоб ва гуфт: – Чи чиз туро, эй модари муъминон, ба гиря овард?
Киссаро бар он Хазрат баён кардам.
Фармуд: – Эй модари муъминон, кадом хол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Худои таъоло ва Расули у доност.
Гуфт: – Рост мегуй, аммо ту бигу.
Гуфтам: – Холи сахттар аз вакти баромадани аз хонаи вай набошад. Медаванд авлоди у дар паси тобути у ва мегуянд:
– Эй падари мо ва эй модари мо. Ва мегуяд падар дар марги писари худ: эй писари ман ва эй фарзанди ман.
Фармуд он Хазрат, ки ин сахт аст бар майит ва сахттар аз ин хам хаст.
Пас аз он фармуд: – Кадом хол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Набошад холи сахттар бар майит, аз ин ки нихода шавад дар лахад ва рехта шавад бар вай хок ва бозгарданд аз вай акрабои вай ва авлоди вай ва дустони вай ва супоранд уро ба Худои таъоло бо амали вай.
Пас аз он фармуд Пайгамбар (с), ки эй модари муъминон, ин сахттар аст бар вай ва аз ин хам сахттар хаёт. Пас аз он фармуд: – Кадом хол сахттар аст бар майит?
Гуфтам: – Худо ва Расули у донотар аст.
Пас фармуд: – Бидон, эй Оиша (р), сахттари хол бар майит вактест, ки мурдашуй бахонаи майит дарояд, то бишуяд уро ва берун кунад ангуштарини чавонро аз ангушти вай ва бикашад куртаи арусро аз бадани вай ва бардорад дастор (салаи) шайху олим ва козиро аз сари вай.
Дар ин хол овоз кунад рухи у вакте ки бинад бадани худро барахна (луч) ба овози гамнок, ки мешунавад онро хар махлук, магар инсон ва чин.
Пас овоз кунад: – Эй шуянда, касам аст ба Худои таъоло бар ту, ки баркаши либосхои ман ба нарми ва охистаги. Пас ман хозиракак халос шудаам аз чанголхои малакулмавт.
Чун резанд бар вай обро овоз ва фарёд кунад рух ва чунин гуяд: Эй шуянда, макун обро бисёр гарм ва на бисёр хунук. Пас бадани ман мачрух аст ба кашидани рух.
Чун шуяд уро гуяд: касам бод ба Худои таъоло бар ту, эй шуянда, накаш маро ба куввати худ, пас бадани ман мачрух, аст ба баромадани рух.
Чун тамом кунад шустани уро ва вайро дар кафан нихад ва баста шавад чои ду кадами у. Овоз кунад уро: касам ба Худои таъоло бод бар ту, эй шуянда, баста макун кафанро бар сари ман, то бубинанд руи маро ахл ва авлоди ман ва ва акрабои ман. Пас ин охирин дидани ман аст онхоро. Ман имруз чудо шавам аз онхо ва набинам онхоро то рузи киёмат.
Чун берун кунанд майитро аз хонаи вай, овоз кунад: касам ба Худои таъоло, эй чамоати ман, шитоб накунед ба ман, то ки видоъ кунам хонаи худ ва ахли худ ва моли худро.
Хамчунин овоз кунад: касам ба Худо, ки гузоштам зани худро бева. Бар шумо лозим бод, ки иззо надихед уро ва гузоштам авлоди худро ятим. Бар шумо лозим бод, ин ки иззо надихед онхоро, пас ман имруз берун карда шавам аз хонаи худ ва боз нагардам харгиз.
Чун бардоранд уро бар тобут, мурда гуяд: касам бод бар шумо, эй чамоати ман, ки шитоби накунед ба ман, то ки бишнавам овози ахл ва авлоди худ ва акрабои худро, чун ман имруз берун карда шавам ва чудо карда шавам аз эшон то рузи киёмат.
Чун ниханд тобутро бар тахти чаноза ва се кадам рох раванд, овоз дихад, овозе, ки мешунавад онро хар чизе, магар инсон. Ва чин гуяд: эй дустони ман ва эй бародарони ман ва эй авлодони ман, магрур накунад шуморо зиндаги, дунё, чунон ки магрур кард маро ва бози накунад ба шумо дунё, чунон ки бози кард маро. Ибрат гиред, эй сохибони чашм, шояд, ки шумо начот ёбед.
Пас ман гузоштам он чи чамъ карда будам барои ворисони худ ва шумо айш мекунед аз паси ман ва набардоред шумо аз гунохони ман чизеро ва хисобкунанда хисоб хохад кард ба ман ва шумо фаромуш мекунед ва мегузоред маро дар хок. Пас аз он талаб нахохед кард маро.
Чун бар вай намози чаноза хонанду бозгарданд, баъзе аз ахли вай ва ошноёни вай аз намозгузорандагони вай он мурда гуяд: касам аст, эй бародарони ман, ба Худо ман медонам, ки мурда фаромуш карда шавад, лекин фаромуш накунед маро бо ин шитоби.
Чун биниханд уро дар лахад, гуяд: касам аст ба Худо, эй ворисони ман, ки чамъ карда будам моли бисёр дар дунё ва гузоштам онро барои шумо. Фаромуш накунед маро ба пораи нони худ ва омузонидам шуморо Куръон ва одоб, пас фаромуш накунед маро ба дуъои худ.
Чун баъд аз дафн кардани у боз оянд гуяд: эй бародарони ман, медонам, ки мурда хунуктар аст аз ях дар дилхои зиндагон, лекин фаромуш накунед маро бо ин шитоби.
Хикоят. Абу Калоба дар хоб макбараеро дид, пеши руи хар яке аз онхо табаке аз нур буд. Дар миёни онхо шахсе дид, ки пеши руйи вай табаке аз нур набуд. Пас савол кард уро, ки барои чи дар пеши ту табаки нур намебинам?
Он мурда гуфт: онхоро фарзандон ва ошноёнанд, ки дуъо мекунанд барои онхо ва садака мекунанд барои онхо. Нур аз он чиз аст, ки фиристодаанд ба онхо аз дуъо ва садака. Маро писари носолехе хаст, ки барои ман на дуъо мекунад ва на садака медихад. Аз ин чихат барои ман нуре несту ман шармандаам назди хамсоягони худ.
Абу Калоба чун аз хоб бедор шуд, писари он мурдаро талаб карда ёфт ва уро ба он чи дар хоб дида буд, хабар кард.
Писари он мурда гуфт: ман тавба кардам бар дасти ту ва дигар бознагардам ба суи он ни карда будам. Ва ман бепарво намебошам аз падари худ харгиз, модоме, ки зинда бошам.
Баъди ин писар ба ибодат машгул шуду барои падари худ дуъо карда садака дод.
Пас аз чанд муддат Абу Калоба дар хоб боз он макбараро дид бар хамон хол ва дид назди он мурда нуре равшантар аз офтоб на зиёдатар аз нури ёрони у.
Он мард ба у гуфт: – Эй Абу Калоба, Худои таьоло туро ачри бузург дихад, ки ба сабаби гуфтани ту ба фарзандам ва дуои у аз оташ ва шармандагии хамсоягон халос шудам.