Главная / Варзиш / Қоидаҳои асосии иҷрои машқҳо

Қоидаҳои асосии иҷрои машқҳо

Гимнастикаи пагоҳирӯзиро дар ҳавои кушод иҷро кардан ба мақсад мувофиқ аст. Дар хуҷраи ҳавояш тоза низ гузаронидани машқхо мумкин аст.

Либоси аз ҳама мувофиқ барои машқхо – либосҳои тахпӯш ё либоси варзишӣ мувофиқи обу ҳаво аст. Ба хар як гимнастика 8-9 машқро дохил намуда, хар як машқро 6-10 маротиба иҷро намоед. Такрори кам фоида намеорад.

moskovskij-deputat-predlozhila-vyvesti-urok-fizkultury-iz-uchebnogo-plana-shkoly

Ба тарафи рост ва чап хам шавед. Афшондан ва такон доданро ба пойи рост ва чап иҷро кунед.

Дуруст нафас кашиданро фаромӯш накунед. Озод ба воситаи бинй нафас кашед. Ҳангоми ба ду тараф кушодан, бардоштан, қат кардани дастҳо нафас кашед, ҳангоми хамшавӣ ва нишастан нафас бароред.

Машқҳоро бо ашё ва бе онҳо иҷро намоед.

Машқҳоро зери мусиқии форам, ҳамоҳанг, вале на он қадар баланд иҷро намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Пас аз машқ оббозӣ кардан, ба бадан оби гарм рехтан ё худ бс сачоқи нам баданро тоза намудан муфид аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …