Главная / Ҷамъият / Намози пешин ва тартиби хондани он

Намози пешин ва тартиби хондани он

Намози нисфирўзӣ (Пешин, Зуҳр) 10 ракъат аст: 4 ракъат суннати ибтидоӣ, 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннати ҷамъбастӣ.

namozi_1-300x249Суннати ибтидоии намози нисфирўзӣ: 4 ракъат аст. Бо ният «Ният кардам бигузорам 4 ракъат суннати намози пешин… холисан ли-л-Лоҳи Таъоло» оғоз намуда, ба мисли тартиби намози бомдод гузорида мешавад, 2 ракъатро адо намуда, сипас нишаста «ат-Таҳиййот» мехонад. Пас аз он Аллоҳу Акбар гуфта барои ракъати сеюм рост мешавад. Дар оғози ракъати сеюм ва чаҳорум «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» мегўяд, сураи «ал-Фотиҳа», сураи хурд ё 3 оят мехонад. Баъди ракъати чаҳорум нишаста, дуоҳои «ат-Таҳиййот», «Аллоҳумма салли», «Аллоҳумма борик» ва «Аллоҳумма-ғфир лӣ» бихонад ва дар охир салом бидиҳад».

Фарзи намози нисфирўзӣ: 4 ракъат аст. Бо ният «Ният кардам бигузорам 4 ракъат фарзи намози пешин… холисан ли-л-Лоҳи Таъоло» оғоз намояд. Пайдарҳамии гузоридани он мисли 4 ракъат суннати ибтидоии намози нисфирўзӣ аст, ба истиснои он ки дар ракъатҳои сеюм ва чаҳорум танҳо сураи «ал-Фотиҳа» хонда мешавад. Сураҳои дигар ё оятҳо хонда намешавад.

namozi_peshin

Таваҷҷўҳ намоед: Фарзҳои намозҳои нисфирўзӣ, баъдинисфирўзӣ ва шабона якхела гузорида мешаванд.

Суннати ниҳоии намози нисфирўзӣ: 2 ракъат аст. Бо ният «Ният кардам бигузорам 2 ракъат суннати намози пешин…» оғоз намояд.

Таваҷҷўҳ намоед: Суннати ниҳоии намози нисфирўзӣ ба мисли суннати намози саҳарӣ гузорида мешавад. Ҳамчунин суннати намози бегоҳӣ ва суннати ниҳоии намози шабона ҳамин гуна гузорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …