Шикоят

Моддаи 81-и Кодекси Андоз. Шикоят

  1. Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад аз болои қарори санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд.
  2. Шикоят аз болои санади мақоми андоз ҳамзамон маънои шикоят аз болои қарорҳои нисбат ба ин санади қабулкардаи мақоми андозро дорад.
  3. Шикояти андозсупоранда метавонад ба мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ва (ё) суд пешниҳод карда шавад.
  4. Шикоятҳои (аризаҳои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниҳод шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.
  5. Шикояти хаттӣ аз болои санади санҷиши андоз, маблағҳои иловагӣ ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз метавонад дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақоми андоз пешниҳод карда шавад.
  6. Дар сурати гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикояти хаттӣ ба мақомоти андоз бо сабабҳои узрнок, ин мўҳлат метавонад тибқи аризаи шахси шикоятнамуда аз ҷониби мақоми болоии андоз ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи мўҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, барқарор карда шавад.
  7. Шикояти андозсупоранда баррасӣ гардида, нисбат ба он қарор қабул карда мешавад ва мақоми андоз оид ба қарори қабулгардида шахси шикоятнамударо дар шакли хаттӣ дар мўҳлати на бештар аз 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи аз ҷониби мақоми андоз гирифтани шикоят огоҳ менамоянд, агар тағйири мўҳлат бо иҷрои муқаррароти қисми 8 ҳамин модда вобаста набошад.
  8. Ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда мақоми андоз ҳуқуқ доранд:

– тибқи тартиби муқаррарнамуда санҷиши андоз, аз ҷумла санҷиши такрории андозро таъин намоянд;

-ба андозсупоранда ва (ё) мақоми андозе, ки санҷиши андозро анҷом додаанд, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки баёнот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристонанд;

-ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ба мақомоти ваколатдори андози давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ба ваколати чунин мақомот тааллуқдошта дархост фиристонанд;

– вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда бо андозсупоранда вохўриҳо гузаронанд.

  1. Тибқи натиҷаҳои баррасии моҳияти шикоят мақоми болоии андоз қарори асоснок қабул намуда, онро ба андозсупоранда ирсол менамояд ё медиҳад, нусхаи онро ба мақомоти андоз нисбат ба қароре, ки ба он шикоят пешниҳод гардидааст, равон менамояд.
  2. Бо ҷамъбасти баррасии шикоят мақоми болоии андоз:

-шикоятро қонеъ намекунад;

-қарори нав мебарорад.

  1. Аз амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …