Моддаи 81-и Кодекси Андоз. Шикоят
- Хар як андозсупоранда хукук дорад аз болои карори санадхои макомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онхо шикоят намояд.
- Шикоят аз болои санади макоми андоз хамзамон маънои шикоят аз болои карорхои нисбат ба ин санади кабулкардаи макоми андозро дорад.
- Шикояти андозсупоранда метавонад ба макоми болоии андоз, макоми ваколатдори давлати ва (ё) суд пешниход карда шавад.
- Шикоятхои (аризахои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниход шудаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси ва хал карда мешаванд.
- Шикояти хатти аз болои санади санчиши андоз, маблагхои иловаги хисобшудаи андоз, чаримахо ва фоизхо, инчунин дигар карорхои макомоти андоз метавонад дар муддати 30 рузи таквими аз санаи аз чониби андозсупоранда гирифтани карори макоми андоз пешниход карда шавад.
- Дар сурати гузаронидани мухлати пешниходи шикояти хатти ба макомоти андоз бо сабабхои узрнок, ин мухлат метавонад тибки аризаи шахси шикоятнамуда аз чониби макоми болоии андоз ё макоми ваколатдори давлати дар доираи мухлати даъво, ки Кодекси мазкур мукаррар намудааст, баркарор карда шавад.
- Шикояти андозсупоранда барраси гардида, нисбат ба он карор кабул карда мешавад ва макоми андоз оид ба карори кабулгардида шахси шикоятнамударо дар шакли хатти дар мухлати на бештар аз 30 рузи таквими аз рузи аз чониби макоми андоз гирифтани шикоят огох менамоянд, агар тагйири мухлат бо ичрои мукаррароти кисми 8 хамин модда вобаста набошад.
- Хангоми баррасии шикояти андозсупоранда макоми андоз хукук доранд:
– тибки тартиби мукаррарнамуда санчиши андоз, аз чумла санчиши такрории андозро таъин намоянд;
-ба андозсупоранда ва (ё) макоми андозе, ки санчиши андозро анчом додаанд, чихати пешниходи иттилооти иловаги ё ин ки баёнот вобаста ба масъалахои дар шикоят баёншуда дархост фиристонанд;
-ба макомоти дахлдори давлати, инчунин ба макомоти ваколатдори андози давлатхои хоричи оид ба масъалахои ба ваколати чунин макомот тааллукдошта дархост фиристонанд;
– вобаста ба масъалахои дар шикоят баёншуда бо андозсупоранда вохурихо гузаронанд.
- Тибки натичахои баррасии мохияти шикоят макоми болоии андоз карори асоснок кабул намуда, онро ба андозсупоранда ирсол менамояд ё медихад, нусхаи онро ба макомоти андоз нисбат ба кароре, ки ба он шикоят пешниход гардидааст, равон менамояд.
- Бо чамъбасти баррасии шикоят макоми болоии андоз:
-шикоятро конеъ намекунад;
-карори нав мебарорад.
- Аз амали (беамалии) шахсони мансабдори макомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят карда мешавад.