Главная / Ҷамъият / Вақти нопурраи корӣ

Вақти нопурраи корӣ

Моддаи 71-и Кодекси Меҳнат. Вақти нопурраи корӣ

  1. Бо созиши байни корманд ва корфармо ҳангоми қабул ба кор ва дар давоми кор рўзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи корӣ бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ё мутаносибан ба вақти корӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Корфармо уҳдадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти нопурраи кориро муқаррар намояд.
  3. Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи корӣ давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти корӣ камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошанд.
  4. Кор дар шароити вақти нопурраи корӣ барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …