Главная / Ҷамъият / Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 61-и Кодекси Андози. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

  1. Иҷрои ўҳдадории андози шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он гузошта мешавад.
  2. Муқаррар намудани вориси (ворисони) ҳуқуқӣ, инчунин ҳиссаи иштироки вориси (ворисони) ҳуқуқӣ дар пардохт намудани қарзи андози шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  3. Шахси ҳуқуқӣ дар давоми 5 рўзи корӣ аз рўзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳид, ҳамроҳ, ҷудо ё тақсим кардан дар ин хусус ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳад.
  4. Дар давоми 3 рўзи корӣ аз рўзи тасдиқи санади супоридан ё тавозуни тақсимкунӣ шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш дар як вақт ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андоз ваҳисоботи андозии барҳамдиҳӣпешниҳод менамояд.
  5. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рўи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
  6. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ барои тағйир додани мўҳлатҳои иҷрои ўҳдадории андозии вай оид ба пардохти андозҳо аз ҷониби вориси (ворисони) ҳуқуқии ҳамин шахси ҳуқуқӣ асос намебошад.
  7. Санҷиши андоз бояд на дертар аз 20 рўзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда оғоз гардад.
  8. Ҳангоми муттаҳидшавии (якҷояшавии) якчанд шахси ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии онҳо оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқии навтаъсис эътироф мегардад. Парвандаҳои шахсии андозии шахсони ҳуқуқие, ки ба ҳайати шахси ҳуқуқии навтаъсис ҳамроҳ шудаанд, дар асоси санади супоридан ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии навтаъсис супорида мешаванд.
  9. Ҳангоми ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки шахси ҳуқуқии мазкур ба он ҳамроҳ шудааст. Парвандаи шахсии андозии шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда дар асоси санади супоридан ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии мазкур ба он ҳамроҳ шудааст.
  10. Ҳангоми тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, дар қисмати иҷрои ўҳдадориҳои андоз ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда эътироф мешаванд.
  11. Ҳангоми ҷудошавӣ аз шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин ҷудошавӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин шахси ҳуқуқии мазкур оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда эътироф мешаванд, агар санади супоридан тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  12. Агар тавозуни тақсимотӣ ё санади супоридан имконият надиҳад, ки ҳиссаи иштироки ҳар вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз муайян карда шавад ё аз ҷониби ин ё он вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро гардидани ўҳдадориҳои андозро истисно намояд, пас шахсони ҳуқуқии навтаъсис оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии азнавташкилёфта ё қисми дахлдори ўҳдадориҳои андози номбаршуда ўҳдадории муштарак доранд.
  13. Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилёфта оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
  14. Шахсони ҳуқуқии дар натиҷаи ҷудошавии шахси ҳуқуқӣ ташкилёфта ўҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилёфтаи мазкурро муштарак иҷро менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …