Моддаи 45-и Кодекси оила. Шартномаҳои дигар доир ба молу мулки
(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)