Главная / Ҷамъият / Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

Моддаи 340-и Кодекси Меҳнат. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

  1. Корфармо вобаста ба намуди фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон уҳдадор аст:

– онҳоро бо оби нўшокӣ таъмин намояд;

– хўроки онҳоро ташкил кунад;

– дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ, ҷойи либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рўҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занон, нуқтаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани корманд дар ҷойи корро муҷаҳҳаз созад.

  1. Корфармо уҳдадор аст, ки мақомот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (нуқтаи тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …