Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат

Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат

Моддаи 332-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат

  1. Дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ маълумот диҳад.
  2. Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ў гузорад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …