Главная / Ҷамъият / Истифодаи умумӣ ва махсуси об

Истифодаи умумӣ ва махсуси об

Моддаи 23-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи умумӣ ва махсуси об

1.Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.

2.Номгӯи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгирӣ аз объектҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …