Главная / Ҷамъият / Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд

Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд

Моддаи 222-и Кодекси Меҳнат. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда

  1. Пеш аз рухсатӣ барои ҳомила ва таваллуд ё бевосита баъд аз он ё баъд аз тамом шудани рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак бо хоҳиши зан, новобаста аз собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад.
  2. Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …