Главная / Ҷамъият / Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

Моддаи 194-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

  1. Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад ҷуброни онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.
  2. Ҷуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
  3. Бо мувофиқаи корманд ва корфармо ҷуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зарар бо зикри муҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо уҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.
  4. Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зарар уҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ зарарро ҷуброн накунад, дар ин сурат ҷуброни зарар ба тариқи судӣ ситонида мешавад.
  5. Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зарар ба ў молу мулки баробарарзиш диҳад ё молу мулки харобшударо барқарор намояд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …