Главная / Ҷамъият / Мӯҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ

Мӯҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ

Моддаи 186-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳтавои эътироз ё шикояти назоратӣ 

  1. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё будубош ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда;

– зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо;

– зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд;

– ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда;

– хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст.

  1. Агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора карда шавад.
  2. Ба шикояти назоратӣ бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, бояд ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима гардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
  3. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегарданд.
  4. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои мурофиавии ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ба даст оварда шаванд.

Инчунин кобед

bophotos-101660-2

ИДИ РАМАЗОН 22 Апрели 2023 таҷлил мешавад

Мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Фитр Рамазон дар Точикистон ба рўзи 22-уми апрели 2023 рост меояд. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон …