Главная / Чамъият / Мухтавои эътироз ё шикояти назорати

Мухтавои эътироз ё шикояти назорати

Моддаи 186-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухтавои эътироз ё шикояти назорати 

  1. Эътироз ё шикояти назорати бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назорати ирсол мегардад;

– насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назорати пешниход кардааст, махалли истикомат ё будубош ва мавкеи мурофиавии у дар парванда;

– зикри судхое, ки парвандаро ба сифати суди мархилаи якум ё мархилаи кассатсиони ё назорати барраси намудаанд ва мухтавои санадхои судии кабулнамудаи онхо;

– зикри санадхои суди, ки тахти эътироз ё шикояти назорати карор гирифтаанд;

– ишора ба вайрон кардани конун хангоми пешбурди парванда;

– хохиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниход кардааст.

  1. Агар эътироз ё шикояти назорати каблан ба мархилаи назорати пешниход шуда бошад, дар он бояд ба карори кабулнамудаи суд ишора карда шавад.
  2. Ба шикояти назорати бояд шахси онро пешниходнамуда ё намояндаи у имзо кунад. Ба шикояти назорати, ки намоянда пешниход кардааст, бояд ваколатнома ё хуччати дигари тасдиккунандаи ваколати намоянда замима гардад. Эътирози назорати бояд аз чониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад.
  3. Ба эътироз ё шикояти назорати нусхаи санадхои нисбат ба парванда кабулнамудаи суд ва хуччатхои дигари мурофиавии тасдиккунандаи вачххои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдик карда шудаанд, замима мегарданд.
  4. Маводи иловагии пешниходгардида набояд бо рохи гузаронидани амалхои мурофиавии хукуквайронкунии маъмури ба даст оварда шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …