Главная / Ҷамъият / Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо

Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо

Моддаи 186-и Кодекси Андоз. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо

  1. Агар дар қисмҳои 11, 13 ва 14 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда бақайдгирифташуда ва ба рўйхати андозсупорандагони бемасъулият дохилнашуда, ки амалиёти андозбандишавандаро иҷро менамояд, аз рўзи амалӣ гардидани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ўҳдадор аст ба қабулкунандаи молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро пешниҳод намояд. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашудаастё ба рўйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳуҷҷатест, ки мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ асос мебошад ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардида, дорои маълумоти зерин мебошад:

-номгўи (насаб, ном ва номи падар, суроғаи) андозсупоранда ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиҷоратии андозсупоранда, агар он аз номи ҳуқуқӣ фарқ кунад;

– рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);

-рақам ва санаи додани шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда);

-номи молҳои ҳамлунақлкардашуда, интиқолшуда, корҳо ё хизматрасониҳои иҷрошуда;

-маблағи амалиёти андозбандишаванда;

-маблағи андози аксиз аз молҳо ва хизматрасониҳои зераксизӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз ин амалиёти андозбандишаванда гирифта мешавад;

-санаи додани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;

-рақами тартибии ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.

  1. Ҳисобнома-фактура дар шакли электронӣ тартиб дода шуда (навишта шуда), ба гиранда (харидор, фармоишгар)-и молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ва ба шахсони дигар, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд (ба истиснои фурӯши чакана), ҳисобнома-фактураи сода дар шакли электронӣ ва нусхаи чопии он дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои гирифташуда танҳо аз ҷониби шахсоне, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда замима карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ тартибдодашуда (навишташуда) дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои навишташудаи андозсупоранда ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гирифташудаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ навишташуда ва гирифташуда дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавии андозсупоранда нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  4. Шакл ва тартиби пешбурди китобҳои дар қисми 5 ҳамин моддапешбинигардидааз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд. Китобҳои дар боло зикргардида аз ҷониби андозсупоранда дар ҳомилҳои электронӣ ва коғазӣ пеш бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  5. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо (аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи сода) дорои силсила ва рақами дахлдор буда, аз ҷониби андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ тартиб дода (навишта) мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  6. Андозсупоранда ўҳдадор аст на дертар аз санаи амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо)ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро ба харидори мол (фармоишгари корҳо, хизматрасониҳо) пешниҳод намояд. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо бо имзои электронии шахсӣ мансабдори барои ин кор ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад.Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об вагаз, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ ваамалиёти бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рўи ҷамъбасти давраи андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 5 моддаи 174 Кодекси мазкур ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро тартиб диҳанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  7. Ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар ҳисобнома-фактура оид ба ҳар як номгўи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) алоҳида нишон дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  8. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо танҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда пешниҳод карда мешаванд. Агар таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва (ё) хизматрасониҳо мувофиқи муқаррароти ҳамин фасл аз андоз аз арзиши иловашуда озод бошанд, ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод карда намешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  9. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба амалиёти содиротӣ бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– сабт дар бораи он, ки ҳисобнома-фактура ба амалиёти содиротӣ тааллуқ дорад;

-мамлакат ва маҳалли таъиноти содирот;

-меъёри татбиқшавандаи андоз аз арзиши иловашуда ба амалиёти  содиротӣ.

  1. Дар ҳолатҳои зерин тартиб додани ҳисобнома-фактураҳо талаб карда намешавад:

-ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ба аҳолӣ (аз ҷумла таҳвили неруи барқ, неруи гармӣ, об, гази табиӣ ва дигар хизматрасониҳо), хизматрасониҳои алоқа ба аҳолӣ тавассути бонкҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, ки барои баҳисобгирии муҳосиботӣ асос мебошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-бо чиптаи роҳкиро ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон;

-ҳангоми таҳвили молҳое (иҷрои корҳое, хизматрасониҳое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

  1. Ҳангоми таҳвили чаканаи молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо ба харидорони ниҳоие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нестанд, бар ивази ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо расид (квитансия) (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути ташкилоти қарзӣ) ё чиптаи мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд) дода мешавад. Барои мақсадҳои қисми мазкур фурӯши чакана ҳамчун таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ бо нархи бозорӣ дониста мешавад, ки барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё истеъмолӣ таъин гардидааст. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Дастурамал оид ба тартиби истифодаи ҳисобномаҳо-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …