Главная / Ҷамъият / Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ

Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ

Моддаи 102-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 

  1. Мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 165-170, 172, 387, 389, 390, 404-406 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ роҳбарони нозироти мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …