Главная / Ҷамъият / Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи  ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

2.Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

-танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

-таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

  -муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об. (КҶТ аз 20.03.08с, №381).

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …