Главная / Ҷамъият / Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо

Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо

Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо.  Моддаи 3 -и Кодекси Андоз

annulirovanie-registracii-ts1

  1. Муқаррар намудани андозҳои нав, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳои муқарраркардашуда танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва (ё) ба қонунгузории дар қисми 4 моддаи 2 Кодекси мазкур муқарраршуда дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  2. Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд.
  3. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …