МЕДИАСТИНИТ (Mediastinitis; лот. mediastinum – миёндевор), илтиҳоби насҷи миёндевор. Ҳамчун оризаи бемориҳои римдори плевра, шуш, дабилаи рӯй ва гардан, инчунин дар натиҷаи осеби узвҳои миёндевор (мас., сӯрхрӯдаро сӯрох кардани ҷисмҳои бегона), зимни тадқиқи эндоскопӣ ё баъди ҷарроҳӣ (мас., буридани сурхрӯда, протезгузорӣ ба клапанҳои дил, чок кардани хирной ва бронхҳо) ба вуҷуд меояд.
Дарди сандуқи сина ва тахтапушт, табларза, баланд шудани ҳарорати бадан (39 – 40°), дамкӯтоҳӣ, гирифтани овоз ва баъзан тира гаштани ақл аз оғози М. дарак медиҳанд. Оризаи нисбатан вазнини беморӣ фишор хӯрдан ё сӯрох шудани узвҳои миёндевор (хирной, сурхрӯда, рагҳои калон) мебошад. М.-ро бо тадқиқоти рентгенологӣ ташхис мекунанд.
Ҳангоми гумонбар шудан аз М. беморро бетаъхир дар касалхона хобондан лозим аст. М.-ро бо антибиотикҳо маҳлули электролитҳо, витаминҳо, маводи сафедавии муовизи хун, доруҳои дилу рагҳо ва ғ. табобат мекунанд. Пешомади беморӣ ҳамеша ҷиддӣ аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …